Омӯзгорону донишҷӯёни факултети тарҷумонии забони англисӣ барои сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” дар боғи “Ирам” чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода, шоирони маҳбуб, намояндагони раёсат, омӯзгорон, донишҷӯён ва сокинони пойтахт доир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси нақша – чорабиниҳои донишгоҳӣ ин гуна чорабиниҳои фароғатӣ дар боғу гулгаштҳои пойтахт мунтазам ба роҳ монда мешаванд.
Дар чорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултети тарҷумони забони англисӣ барномаи хуби идонаро пешниҳод намуданд, ки саршор аз шеъру тарона, рақсҳои зебову дилчасп буд.



