Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахши навбатии озмунҳои донишгоҳии “Чакомаи гесу” ва “Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол” дар фазои тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулназарзода Жило, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Хуршеда Гулаҳмадзода, ҳунарманди маъруф Шуҳрат Сайнаков, инчунин, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Масъули баргузории бахши навбатии озмун факултети равияи омӯзгории забони англисӣ буд. Озмун ба саҳнаи муаррифии ҳунар, фарҳанг ва зебоишиносии миллӣ табдил ёфта, донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллӣ, маҳорати суханварӣ, ҳунарҳои дастӣ ва тарзи муаррифии анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб карданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Гулназарзода Жило баргузории чунин озмунҳоро омили муҳими эҳёи суннатҳои миллӣ, тарбияи ҷавондухтарон дар руҳияи худшиносиву ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ арзёбӣ намуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеър, иҷрои таронаҳои дилнишин, рақсу суруд ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ хотирмон ҷараён гирифта, ба маҳфил шукуҳу таровати хос бахшид. Ҳунарофарӣ ва фазои гарму самимии донишҷӯён чорабиниро ба ҷашни воқеии фарҳанг, зебоӣ ва ҳунари миллӣ мубаддал сохт.




