Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба корномаи ибратбахши абармардони миллат, нашри осори адибону донишмандон ва дастгирии аҳли зиё як бахши муҳимми сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бо иқдоми таърихии Ҳукумати Тоҷикистон ҷашн гирифтани 1045-солагии олими бузурги халқи тоҷик, Шайх-ур-раис Абуалӣ ибни Сино дар соли 2025 бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки арҷ гузоштан ба фаъолият ва осори фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша зери таваҷҷуҳи вижаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» изҳор доштаанд: «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Бо шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо менамояд».
Оре, осори гаронарзиши Абуалӣ ибни Сино то имрӯз на танҳо аҳаммияти илмиро гум накардаааст, балки бо мурури замон боз ҳам муҳимтар арзёбӣ мегардад. Шоистаи зикр аст, ки осори бо забони тоҷикӣ таълифкардаи ин нобиғаи ҳамаи давр дар рушди забони фалсафӣ ва илмии тоҷик нақши бузург дорад. «Донишнома»-и Ибни Сино гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ забони илму фалсафа ва фарҳангу тамаддуни бузург аз даврони қадим ба ҳисоб меравад.
Аз мероси адабии Ибни Сино шоҳасаре, ки бештар ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, машҳури ҳама замонҳою вирди ҳама забонҳо ва ҳамеша дар истифодаи амалию илмии муҳаққиқону олимон будааст, асари бисёрҷилдаи ӯ “Ал Қонун фи-т-тиб” мебошад. Ин асар асрҳост, ки китоби рӯимизии олимону муҳаққиқони соҳаи тибби ҷаҳонӣ ва табибону донишомӯзон мебошад.
Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандони ҷаҳонӣ дар ҳама замон ва олими забардасти тоҷик мебошад. Ин нобиға дар охири асри X ва аввали асри XI зиндагӣ намуда, дар рушди илми ҷаҳонӣ, хусусан, дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми арзишманду мондагор гузоштааст.
Нақши Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми фалсафа, риёзиёт, мантиқ, нуҷум, тиб ва ҳандаса беназиру арзишманд буда, шоҳасари ӯ «Қонун фи-т-тиб» то имрӯз ҳамчун китоби асосии таълимии табибон эътироф шудааст. Дар умри 57-солааш Абуалӣ ибни Сино 450 асар таълиф намудааст, ки то имрӯз 240 асари ӯ боқӣ мондааст. Ҳадаф ва аҳаммияти осори Абуалӣ ибни Сино дар Аврупо низ эътироф шуда, «Қонун фи-т-тиб» то имрӯз ҳамчун китоби дарсӣ истифода мешавад.
Мавриди зикру ифтихор аст, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми бузургу арзишманд дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами устувору пойдор дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди нобиғаи тоҷик дар ҷаҳон мебошад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши бузургу мондагор хоҳад гузошт.
Бо ифтихор метавон ёдовар шуд, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои глобалии соҳаи тандурустӣ ва боз ҳам бештар муаррифӣ кардани осори гаронарзиши Ибни Сино нақши бузургу арзишманд гузошта, чун дигар иқдомоти сатҳи байналмилалияшон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона ҷонибдорӣ пайдо хоҳад кард.
Хулоса, ҳар иқдоми ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи насли ҷавону наврас дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ нақши муҳимму бузург дошта, барои огоҳии бештару беҳтари онҳо аз таъриху тамаддун, забону фарҳанги тоҷик ва корномаи ибратомӯзи бузургони миллат мусоидат менамояд.
Сабзаалӣ ҒУЛОМЗОДА, сармушовири академии факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ.