ИДОМАИ БАРРАСИИ МАСОИЛИ ЖУРНАЛИСТИКА ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода идомаи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Журналистика ва сиёсати иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои глобалии амнияти рақамӣ» баргузор гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон, коршиносон ва намояндагони соҳаи журналистика аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаҳои илмии конференсия рӯзҳои 15–16 май дар доираи се бахш – «Нақши журналистика дар ҳифзи амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Таҳдидҳои глобалии амнияти рақамӣ ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷангҳои иттилоотӣ» ва «Имкониятҳо ва мушкилоти рушди журналистикаи тоҷик дар муҳити рақамӣ» баргузор шуда, дар онҳо масъалаҳои мубрами фазои иттилоотии муосир, таъсири технологияҳои рақамӣ ба фаъолияти расонаҳо ва роҳҳои муқовимат ба таҳдидҳои иттилоотӣ мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни кори бахшҳо номзади илмҳои сиёсӣ, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Абдулло Далер Абдулло дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ, сиёсинамоии журналистика ва муқовимати идеологӣ: мазмун, моҳият ва хусусият» маъруза намуда, ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии муқовимати иттилоотиро дар шароити муосир таҳлил кард. Ҳамчунин, унвонҷӯи соли дуюми Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия Батенкова Елена Викторовна дар мавзуи «Практическая специфика работы журналистов под влиянием ИИ и интернета» доир ба таъсири зеҳни сунъӣ ва интернет ба фаъолияти касбии журналистон андешаронӣ намуд.

Дар идомаи конференсия дотсент, мудири кафедраи омӯзгории забонҳои Шарқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Нуриддин Султонҳайдаров дар мавзуи «Ҳувияти миллӣ дар замони технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ: таҳдидҳо ва имкониятҳо» суханронӣ карда, масъалаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар муҳити рақамиро баррасӣ намуд.

Иштирокчиёни конференсия зимни мубодилаи афкор таъкид карданд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таҳкими саводи расонаӣ, баланд бардоштани масъулияти касбии журналистон ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои рақамӣ аз омилҳои муҳимми ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва суботи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.