Бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дарси кушоди таълимӣ дар мавзуи “Журналисти замони муосир ва саҳми ӯ дар рушди ҷомеа” бо ширкати журналистони шинохта ва муваффақи кишвар ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз, наттоқи варзидаи радиои “Имрӯз” Дурахшони Ортиқ ба донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигории факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ дарс гуфт.
Ҳамзамон, дар раванди дарс, омӯзгорни кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ, узви маҳфили рӯзноманигорони ҷавон “Тулуи сухан” – и назди шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ иштирок намуданд.
Дурахшони Ортиқ давоми беш аз як соат аз оғози кору фаъолияти хеш, таҷрибаву бозомӯзӣ ва дӯст доштани касб, роҳҳои омода кардани барномаву гузоришҳо, имкониятҳои журналисти забондон ва нақши рӯзноманигор дар ҷомеа сухан кард.
Барои ҷолиб, хотирмон ва таъсирнок гузаштани ҳар лаҳзаи дарс бозиҳо ва суолу ҷавобҳои ҷолиб ташкил карда шуд.


