Имрӯз, 26 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои муосири забоншиносии муқоисавии забонҳои аврупоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.
Дар конференсия муовини ректор оид ба таълим Маҳмадшариф Гадозода, директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд” Каримзода Шуҳрат, муовини аввали Директори филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ “МИСИС” дар шаҳри Душанбе, доктори имлҳои филологӣ, профессор Абдулҳамид Нозимов, н.и.ф. дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шокиршо Гуламадшоев, н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатхуҷа Маҳмудов ва дигар олимону муҳаққиқон ширкат намуданд.
Дар оғоз, муовини ректор оид ба таълим Гадозода Маҳмадшариф меҳмононро ба Донишгоҳ шодбош гуфта, пиромуни масоили забономӯзӣ дар шароити муосир, муқоисаи забонҳои аврупоӣ маъруза ректори муассиса профессор Жило Гулназарзодаро ба саҳми ҳозирин расонид.
Дар идомаи конференсия, директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд” Каримзода Шуҳрат дар мавзуи “Таҳлили морфологӣ ва синтаксисии ибораҳои сифати феълии забони англисӣ дар муқоиса бо забони тоҷикӣ”, муовини аввали Директори филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии “МИСИС” дар шаҳри Душанбе, доктори имлҳои филологӣ, профессор Абдулҳамид Нозимов дар мавзуи “Проблемы и методы решения вопросов перевода научно-технических текстов металлургической тематики”маъруза карданд.
Ҳамчунин дар идома, маърузаи дотсенти Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шокиршо Гуламадшоев дар мавзуи “Хусусияти категориявии феълҳои фоил ва мафъул дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” ва дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатхуҷа Маҳмудов дар мавзуи “Ҷаҳони шеърии Румӣ дар тарҷумаҳои Ева де Витре-Мейерович: ҷанбаҳои забоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ” шунида шуд.
Дар поёни ҳамоиш ба баромадкунандагон сертификати раёсати Донишгоҳ тақдим карда шуд.

