Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идонаи илмӣ – фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ректор, профессор Жило Гулназарзода, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат доштанд.
Роҳбари муассиса Жило Гулназарзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи сарҷамъиву ягонагӣ ва иттифоқии миллати тамаддунофари тоҷик аст, табрик намуда, дар бораи нақши арзишманду мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот, эҳёи муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
Дар идом, дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ Ҳошимҷон Аслониён, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Ҳоҷатов ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Имматова Манижа бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маъруза намуданд.
Ҳамзамон дар идомаи суханрониҳо, баромади чемпеонҳои мусобиқаҳои варзишии Аврупою Осиё, ки дар Донишгоҳ таҳсил менамоянд, шунида шуд.
Дар фарҷом, аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултети тарҷумонии забони англисӣ барномаи фарҳангии ҷолибу хотирмон манзури ҳозирин гардид.
Аз ҷониби раёсати Донишгоҳ як гуруҳ омӯзгорон ва донишҷӯён бо сипоснома ва ифтихорномаи ректори Донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

