Аз қабули расмии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолият ва давлатдории кишвар ҳарчанд 34 сол пур мешавад, аммо ин муқаддасот бо номҳои роят, ливо ва дирафш аз қадим барои миллати тоҷик ошно ва азиз аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи муттаҳидкунандаи мардуми сарбаланди тоҷик дар сартосари олам маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сартосари олам миллати моро дар зери боли амнаш паноҳ медиҳад. Яъне, он дар ҳама марҳила ва самтҳои давлатдории миллӣ – сиёсат, иҷтимоъ, фарҳанг… бо нуфузу обрӯйи мо тавъам омадааст. Ғояи муҳаббат ба Ватан мазмуни меҳварии рамзҳои давлатии миллии моро дар бар мегиранд, ки аз ҷумла, Парчами давлатӣ ҳисси масъулиятшиносӣ, ифтихори миллиро дар замири ҳар сокини кишвар мекорад, месабзонад.
Парчами давлатӣ мо шаҳрвандонро ба риояи қонун, эътироф ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон, ҳифзи сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд. Рамзҳои давлатӣ водор менамоянд, раҳбаладӣ мекунанд, ки дар иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ ва меҳнатӣ ҳар тоҷик софдил, беғараз ва ташаббускор бошад. Ба падидаҳои хуби иҷтимоӣ бархӯрди мусбат ва ба вазъияти номуносиб аксуламали манфӣ нишон дода, бевосита дар ихтисос пойбанд ва зимни иҷрои уҳдадориҳои касбӣ масъулиятшинос бошад.
Ба ҳамин низом, Парчами давлатии мо дар роҳандозии муносибатҳои байналмиллалӣ низ нақши калон дорад. Парафшонии он дар назди сафоратхнаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва монанди ин аз иқтидор ва мустақилияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ ва ягона мужда мерасонад. Ва басо рамзӣ ва мантиқист, ки имрӯз парчами давлатӣ рангҳои сафед, сабз ва сурхро бо нишони шуҷоат, муборизаву талош барои озодӣ, якпорчагии кишвар, покизагиву сулҳ, адолат, ваҳдат, сарсабзиву сабзофаринии халқи тоҷик дар бар мегирад.
Қаҳрамониҳои ҷавонмардони тоҷик дар самтҳои мухталиф, кашфиёту дастовардҳои илмиву эҷодии олимону адибони мо, парчамбардориҳои варзишкорони тоҷик дар сартосари олам ба ҳурмати сарзамини бахосият ва парчами бообрӯйи тоҷикон нигаронида шудааст, ки дар даврони истиқлолият ҳарчи бештар парафшонии он аз минбарҳои баланд ба назар мерасад.
Маҳз ливои парчами давлатӣ дар фазои сулҳомез ба дили мо нерӯ ато намуда, ирода мебахшад, ки барои ободониву рушд бештар талош намоем, дар муаррифии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷуръати қавӣ дошта бошем.
Тасвири тоҷ ва ҳафт ситора дар маркази Парчам аз решаҳои таърихии тоҷикон – миллати тоҷдор дарак медиҳад. Дар баробари он ки ин дирафш аз сиёсати комилан мустақили ҷумҳурӣ арқом пеш мегузорад, дар баробари он ки Парчами давлатӣ тамомияти марзӣ ва истиқлолиятро бозгӯ мекунад, дар баробари он ки ҳушдор аз гиромидошти сулҳу озодӣ медиҳад, ҳамчунин барои ҳамаи мо ин муқаддасот эътирофест, ки дар парафшон нигоҳ доштани он гузаштагони мо чӣ басо сарсупурдагиву ҷонбозиҳо карданд.
Талошу азхудгузаштагиҳои мардуми тоҷикро мо аз ҷамеи арқоми саптгардида мехонем, сабақ мегирем, ки сар аз умқи таърих Пешдодиён, Каёниён… то авҷи иқтидор – Сосониёну Сомониён ниёгони банангу номуси мо арзишҳои умумимиллиро эҳтиром карданд, рушд бахшиданд, ба ояндагон мерос гузоштанд. Парчами аҷдодиро бо ҳимоят аз марзи паҳновари ориёиҳо – тоҷикон гиромӣ доштанд, баланд бардоштанд, чун намоди обрӯ ва иззат дар зеҳни оламиён сапт карданд, ки миллати тоҷик бо аслу насаб аст.
24 ноябри соли 1992 Тоҷикистони соҳибистиқлол Парчами миллиро қабул кард, вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таҳия, андоза ва корбурди расмии онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар намуд. Дар қатори зиёда аз 220 давлати олам парчами миллии тоҷикӣ ҷилвагар гашт. Яъне, мавқеъ, нуфуз ва салоҳиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам дар сартосари кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмиллалӣ расман устувор гардид.
Соли 2009 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ 24-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ эълон намуданд, ки аз ҷониби мардум низ истиқболи гарм ёфт, иродаи мардумро ифода кард.
“Парчам” вожаи суғдӣ аст, ба маънии “зулфу кокул” ва ҳамчунин “пупаки абрешимӣ, мӯй ё думи гажғовро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд. Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфт ва бо гузашти замон бар ҳукми итлоъи ҷузъ бар кулл… дирафш низ гуфта шуд”
Қадимтарин сарчашмае, ки дар хусуси парчам ишора мешавад, “Авесто”-ст: “Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта!” Ва қадимтарин дирафше, ки маъмулу машҳур, бо ифтихор вирди забонҳо аст, Дирафши Коваёнӣ ба ҳисоб меравад. Уқоби болкушода бо тасвири офтоб дар дирафши Куруши Кабир ҳанӯз аз замони империяи Ҳахоманишӣ номӣ ва мояи фахру сарбаландии тоҷикон аст.
Аз таҳлил ва омӯзиши рақамҳо дар мавриди парчамдорӣ ва парчамбардории тоҷикон ба натиҷае расидан мумкин аст, ки он ҳамеша бо дастболо шудан, вусъат гирифтан, эҷоду офариниш доштан, иттиҳоду ҳамбастагӣ тавъам меояд, ки ҳамаи инро парчами кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум намуда, аҳдофи созандагиву бунёдкории моро талқин мекунад. Бале, бо ҳамин низом дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохтани баландтарин парчами Тоҷикистон бо болои 165 метр ҳувияти миллии моро намод аст.
Метавон илова кард, ки эҳтиром гузоштан ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи рамзҳои давлатӣ чӣ дар сатҳи кишвар ва чӣ берун аз он вазифаи ҳар як ватандор аст. Махсусан насли ҷавон бо дарки таърих, маъно ва аҳамияти Парчами давлатӣ дар пешрафту ободии кишвар, ҳифзи Истиқлолияту якпорчагии миллат саҳми назаррас гузошта метавонанд.
Ҳамватанони азиз, ҳоло ки дар арафаи таҷлил аз 34-умин солгарди қабули Парчами давлатӣ қарор дорем, Шумои азизро ба ин муносибат ҳамчун шаҳрванд ва омӯзгори насли ҷавон муборакбод мегӯям. Ваҳдати сулҳофар чун мавҷи парчам дар қаламрави кишвар ба таври ҳамешагӣ поянда бодо.
Чун фарогирии Тоҷикистон бо парафшонии парчами он дар сатҳи ҷаҳон мушаххас мегардад, устувор мешавад, эътибор пайдо мекунад, бошад, ки ҳар кас ишора ба парчами мо манзури пешрафт, тараққиёт, шукуфоӣ ва муттаҳидии миллати тоҷикро дошта бошад.
Бо Парчами тозаномат ифтихор дорем, Тоҷикистони азиз!
Муслима МАННОН номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ