Имрӯз, 24 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни бостонии Меҳргон бо ширкати ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, кормандону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони гимназия таҷлил карда шуд.
Дар оғоз, ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода сухан гуфта, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Меҳргонро табрик намуда, ҷашни аҷдодӣ рамзи меҳру муҳаббат, адолату фаровонӣ ва шукронаи осоиштагии кишвар номид.
Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросимҳои аҷдодӣ аз ҷумла Меҳргон, пас аз давраҳои тулонӣ эҳё гардида, имрӯз дар саросари кишвар ҳамчун рамзи худшиносӣ ва Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.
Сипас, барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии “Субҳи ҷавонии мо” манзури ҳозирин гардид, ки таҷассумгари фарҳангу оини миллӣ буд ва суруду рақсҳои миллӣ ва шеърҳои дилнишини муҳассили гимназияи назди Донишгоҳ ба чорабини фарҳангӣ ҳусни дигар бахшид.


