23 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 2 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд:
- Фарида Низомова, донишҷӯйи курси 4 – уми факултети филология ва рӯзноманигорӣ аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти муосир” сазовори ҷойи сеюм;
- Абдуллоева Шаҳло, донишҷӯйи курси 2 – юми факултети тарҷумонии забони англисӣ аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” сазовори ҷойи сеюм;
Ғолибон бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

