2 сентябри соли 2026 бахшида ба 115 – умин солгарди зодрӯзи Сотим Улузода дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода семинари илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Сотим Улуғзода – нависанда, драматург, тарҷумон, олим ва рӯзноманигор” бо иштироки декани факултети филология ва рӯзноманигорӣ номзади илми филологӣ, дотсент Сайёра Азимова, омӯзгорону донишҷӯёни факултети мазкур доир гардид.
Дар оғоз, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт профессор Салими Хатлонӣ баромад карда, аз ёддоштҳои худ, ёдовар шуд, ки бо устод Сотим Улуғзода ҳамсуҳбат буданд.
Ҳамзамон доир ба асарҳои таърихӣ, тарҷумаҳо ва драмаҳои мондагори устод Улуғзода ёдоварӣ намуда, ҷавононро ба омӯзишу пажуҳиши асарҳои Сотим Улуғзода даъват намуд.
Дар идома профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт Олимӣ Хосият дар мавзуи “Тасвири иродаи зан дар насри замони шуравӣ (дар мисоли повести “Ёрони боҳиммат” – и Сотим Улуғзода)” ва профессори ҳамин кафедра Нурмуҳаммад Шамсов дар мавзуи “Рӯзгор ва осори Сотим Улуғзода” маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар идомаи семинар, докторанти курси дуюми кафедраи назария ва таърихи адабиёт Шаҳзод Қаюмов дар мавзуи “Садоқату эҳтироми Сотим Улуғзода нисбат ба миллати худ (Дар ҳошияи асари “Чеҳраҳои мондагор” – и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)” суханронӣ намуд.
Дар поёни семинар декани факултети филология ва рӯзноманигорӣ номзади илми филологӣ, дотсент Сайёра Азимова дар бораи бузургии Сотим Улуғзода, зиндагинома ва меросии адабии нависанда сухан кард.
Дар семинари илмӣ – амалӣ зикр гардид, ки Сотим Улуғзода чеҳраи намоёни адабиёти тоҷик буда, хизматҳои шоёнаш боиси ифтихори миллати тоҷик аст. Маҳз асарҳои офаридаи Сотим Улуғзода таъриху тамаддуни миллӣ ва шинохти фарзандони фарзонаи миллатро инъкос менамояд.

