ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ БА ПЕШВОЗИ 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шоми 19 августи соли 2026 дар боғи фарҳангӣ – фароғатии “Кули Ҷавонон” – и шаҳри Душанбе бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамбастагӣ бо Ансамбли “Фалак” – и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Илҳомиддин Иброҳимзода, ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ буд, фазои идона оростанд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги волои тоҷикон ва таҷлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.