Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эълон гардид. Ин рӯйдод оғози марҳилаи нави таърихии давлатдорӣ буда, барои мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намоянд. Соли 2026 аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ 35 сол пур мешавад.
Дар давоми 35 соли истиқлолияти Тоҷикистон дар бисёр самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои соҳибихтиёрии кишвар муқаррар гардидаанд. Тоҷикистон бо аксари давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: “Имрӯз бо соҳибистиқлол гардидани кишвари тоҷикон ва ба миён омадани ниёзи ҷиддӣ барои дарёфти роҳу мароми мустақили ҷумҳуриамон ба сӯйи ояндаи мутамаддин вақташ расидааст, ки мо низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи ҳамон сарвати бебаҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва равонии халқамон ва педагогикаи миллӣ бо дарназардошти имконоту тақозои замони муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монем”.
Истиқлолияти давлатӣ меваи шаҳдбори ҳар як халқу миллат буда, равшан аст, ки соҳибихтиёрии давлат дар ҳама соҳаи зиндагӣ, соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҷассум меёбад. Дар ин замина муассисаҳои таълимӣ ҳамчун рукни мустақил бо симои хоси худ ва дар пояи маданияти миллӣ, забон, таъриху суннатҳои анъанавии мардуми сарзамин арзи вуҷуд мекарданд ва мекунанд.
Методологияи илм ва таҷрибаи ҳаёт собит месозад, ки муассисаҳои таҳсилоти миллии тоҷик комилан дорои хусусиятҳои хос ва низоми мустақил буда, ба худ унсурҳои маълумот, шаклҳои ташкили кори омӯзишу парвариш, усул ва тарзу воситаҳои таълиму тарбияро таҷассум менамояд. Ин гуна муассисаҳо дар ҳолате ташаккул меёбанд, ки агар кадоме аз ин унсурҳо дар заминаи маданияти миллӣ комилан мустақилона нумуъ кунад. Аз ин ҷиҳат барои эҳёи муассисаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи он омилҳои дохилӣ ва берунӣ заруранд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаи илму маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”.
Муқаддастарин ҷашни миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин ҷашни бошукӯҳ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон бо шаҳомат қайд гардида, барои ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун неъмати бабаҳо ва ифодагарии рамзи саодат, озодӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ арзиш дорад.
Мо ифтихор дорем, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 35-сол пеш орзуҳои дар дил мондаи гузаштагонамонро бо як талоши қавӣ пойдор ва устувор намуданд. Ногуфта намонад, ки бо дахолати душманони дохилию хориҷӣ дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба душвориҳи зиёд рӯ ба рӯй гардида, хавфи парокандашавии милати тоҷик ва аз байн рафтани он таҳдид мекард. Бахт ба рӯйи мардуми шарифи Тоҷикистон хандиду дар ин лаҳзаҳои ниҳоят мушкилу мураккаб фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри бостонии Хуҷанд сарвари давлат эълон гардид, Истиқлолияти воқеии ватанро дар натиҷаи талошҳои ватанпарваронаи халқи шуҷоъ роҳандозӣ намуд.
Истиқлолият самтҳои асоситарини сиёсати давлати соҳибистиқлоламонро таҳрезӣ ё муайян намуда, дар доираи чор ҳадафи асосии стратегӣ:
1. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ;
2. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ;
3. Таъмини амнияти озуқаворӣ;
4. Саноатикунонии босуръати мардуми кишвар қадамҳои устувор гузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1996 дар яке аз суханрониҳояш қайд намуд: “Дар маркази тамоми низоми таълиму тарбияи кишвари мо бояд мафкураи Истиқлолият, қадршиносии ин неъмати бебаҳо, анъанот, расму оини мардум ва дигар арзишҳои миллию умумибашарӣ қарор дода бошад”.
Силсилаи шоҳрҳҳои автомобилгард, силсилаи хатсайрҳои ҳавоӣ бо кишварҳои дуру наздики ҷаҳон, нақбҳо аз дили кӯҳистони Тоҷикистони кӯҳсор, пулҳои гарон аз балои даёҳои касногузар моро ба ҳама кунҷу канори олами ҳастӣ пайваст. Акнун Тоҷикистони офтобрӯя ва зебоманзараи моро дар тамоми кишварҳои хурду бузурги олам мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд.
Ҷомеаи имрӯзаи моро бе маориф тасавур кардан ғайри имкон аст. Ба ин таваҷҷӯҳу ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо, кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муаллимону роҳбарони мактабҳои миёнаи умумӣ ва касбӣ, устодон ва омӯзгорони мактабҳои олӣ бояд ба донишу малакаи фарогириашон, бо заҳмати шабонарӯзӣ, самимят ва бо дасту дили гармамон ҷавоб гардонем.
Тули солҳои Истиқлолият зиёда аз 3670 муассисаҳои замонавӣ сохта шуд, бо таҷҳизот ва бо дигар лавозимотҳои таълимӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Ниёгони мо яке аз қадимтарин ва кӯҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офариданд, ки барпойдевории “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми мукаммали давлатдорию идорот, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи муттамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабҳову равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёну гуногунии мактабҳои илмию фалсафӣ ба мерос гузоштанд.
Мо бояд ҳастии худ, қадру қимати миллатро хуб донем, худро бо миллат якҷо, ҳаммаром ва ҳамтақдир шуморем. Инсон ҳар қадар таърихи халқи худро хубтар донад, бо ранҷу азобҳо ва комёбиҳову қаҳрамониҳои ӯ ошно шавад, эҳтиромаш ба миллату Ватанаш бештар мегардад, мефаҳмад, ки гузаштагон барои соҳибватан ва соҳибмиллат шудан чи қадар ҷонбозиҳо карданд. Мо тақдири фарзандони хурдсоламонро, ки ҳанӯз чун ниҳолони нозук бояд ҳастанд, баъд ба дасти устодони доно, бозаковат, ботаҷриба, бофазилату бо фарҳанг супорем, то ки ҷавонон дар оянда мустақилона ва ӯҳдабароёна, бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ватандорӣ давлати худро идора карда тавонанд. Дар солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба баъзе мушкилот ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш меравад. Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину сунатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшони пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Вобаста ба ин мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард.
Маориф ва фарҳанг асоси инкишоф, ҳифз, мустаҳкам нигоҳ доштани истиқлолият ва худшиносии миллӣ мебошад. Эҷоди асарҳои бадеию илмӣ, санъат, дастгирии ҳунармандон нишонаҳои соҳиби тамаддуми воло буда, соҳибистиқлолии милати тоҷик маҳбуб мешуд. Кӯмаку дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф ва таъкидҳои ӯ, бахусус доир ба баланд бардоштани мақоми соҳаи маориф дар ҳалли масоили иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеа, такмили ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, бархурдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илмию техникӣ заминае шуд, баҳри амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва он вазифаҳои муҳиме, ки дар назди кормандони соҳаи илму маориф гузошта шудаанд.
Қобили қайд аст, ки дар ин замина масъалаҳои мубрами илми педагогика ва асосҳои илмию методии омӯзиши фанҳои таълимӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин масъалаҳои афкори педагогикаи миллӣ ва инноватсия мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтанд.
Суҳроб Бобокалонов, н.и.п. дотсенти кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ.