Имрӯз, 26 июни соли 2026, дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Дипломатияи байналмилалии сулҳи Пешвои миллат барои насли оянда» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Турсунзода Раҷабалӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки қабули якдилонаи қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, боз як дастоварди муҳими дипломатияи сулҳофарини Тоҷикистон ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Мавсуф иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ, пояи асосии сулҳу субот, рушди устувори давлат ва зиндагии орому осоиштаи мардум аст. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Тоҷикистон имрӯз чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус, таҳкими сулҳу ҳамзистии осоишта, дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Академик Носирҷон Салимӣ ҳангоми суханронӣ аз аҳаммияти таърихии сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст бояд эҳсоси ваҳдат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар қалбу шуури худ парвариш намояд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳифзи ваҳдат ва таҳкими сулҳ метавонад кафили рушди устувор ва ояндаи дурахшони давлат бошад.
Роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Турсунзода Раҷабалӣ низ аз қабули қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид истиқбол намуда, онро идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат арзёбӣ кард. Ӯ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боло бурдани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ даъват намуд.
Дар бахши музокираҳо дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ Гулдаста Қаноатова ва дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Муҳаббатшо Қобилов доир ба арзиши сулҳ ҳамчун неъмати бебаҳои инсоният ва нақши он дар рушди давлатҳо маъруза намуданд. Зикр гардид, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ҳифзи сулҳ ва субот бояд ба яке аз афзалиятҳои ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёбад. Таъкид шуд, ки ташаббуси нави Пешвои миллат оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҷавобгӯи ниёзҳои замони муосир буда, барои густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзаву фардо аҳаммияти бузурги байналмилалӣ дорад.




