ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: САБАҚИ ТАЪРИХӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ИМРӮЗ

Санаи 27 июн барои миллати тоҷик танҳо як санаи тақвимӣ набуда, балки рамзи пирӯзии хирад бар ихтилоф, сулҳ бар нооромӣ ва созандагӣ бар парокандагӣ мебошад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мо ёдрас мекунад, ки сулҳ худ ба худ ба даст намеояд, он натиҷаи андеша, гузашт, масъулият, сабр ва иродаи умумимиллӣ мебошад.
Таърихи солҳои душвори кишвар барои ҳар яки мо як сабақи бузург аст. Он давра нишон дод, ки миллат бе ваҳдат неруи худро аз даст медиҳад, ҷомеа бе ҳамдигарфаҳмӣ ба осонӣ осебпазир мегардад ва давлат бе суботу оромӣ наметавонад роҳи рушдро устуворона идома диҳад. Аз ин рӯ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, худшиносӣ ва эҳёи миллӣ гардид. Ин санад ба низои дохилӣ хотима бахшида, барои барқарории сулҳ, бозгашти гурезаҳо ва таҳкими давлатдории миллӣ замина гузошт.
Дар ин раванди сарнавиштсоз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан беназир аст. Дар лаҳзаҳое, ки тақдири давлату миллат дар миён буд, роҳбарияти кишвар бо иродаи сиёсӣ, ҷасорат, хирадмандӣ ва масъулияти таърихӣ роҳи сулҳ, музокира ва ҳамдигарфаҳмиро интихоб намуд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бояд таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ танҳо натиҷаи як санади сиёсӣ набуда, он самараи хирадмандӣ, фарҳанги сулҳпарварии халқи тоҷик ва роҳбарии масъулиятшиносона дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд на танҳо ҳамчун роҳбари давлат, балки ҳамчун шахсияти таърихие зуҳур карданд, ки ҳифзи давлат, барқарории сулҳ ва муттаҳидсозии ҷомеаро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор доданд.

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама фарҳанги зиндагии якҷоя аст. Он танҳо шиор набуда, балки тарзи муносибат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва омодагӣ барои ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ мебошад. Ваҳдат аз оила оғоз гардида, дар мактаб ташаккул меёбад, дар ҷомеа қувват мегирад ва дар сатҳи давлат ба неруи созанда табдил меёбад.

Имрӯз, вақте ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ аст, аҳамияти ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Насли имрӯз бояд хуб дарк намояд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ мероси оддӣ набуда, балки амонати таърих ба шумор меравад. Ин амонатро бояд бо дониш, ахлоқ, худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба Ватан ҳифз намуда, ба наслҳои оянда интиқол дод.
Масъулияти мо – омӯзгорон, зиёиён, ҷавонон, падару модарон ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки арзиши сулҳро танҳо дар рӯзҳои ҷашн ба ёд наоварем. Ваҳдат бояд дар гуфтор, рафтор, муносибат, фарҳанги муошират ва фаъолияти ҳаррӯзаи мо эҳсос шавад. Ҷомеае, ки дар он эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ ҷой дорад, ҳамеша тавоно ва устувор мемонад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ моро ба гузашта мебарад, то аз он сабақ гирем; ба имрӯз менигарад, то масъулияти худро эҳсос кунем; ва ба фардо раҳнамоӣ мекунад, то барои наслҳои оянда Тоҷикистони ором, обод ва пешрафтаро ба мерос гузорем.


Каримҷон Гадоев, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ.