ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Рӯзҳои 16–17 июни соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Форуми ректорони Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ва Форуми олимони ҷавони СҲШ баргузор гардид, ки дар онҳо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аъзои созмон иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоишҳои бонуфуз ҳайати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо роҳбарии ректори муассиса, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода иштироки фаъолона дошт.

16 июн ҳайати Донишгоҳ дар маросими ифтитоҳи форумҳо ширкат варзида, ба суханрониҳои вазирони маориф ва илми давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯш фаро . Дар ҳошияи чорабинӣ миёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус ба номи Максим Танк, инчунин, Донишгоҳи давлатии Гомел ба номи Франсиска Скорина созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки барои густариши робитаҳои байналмилалии дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоранд.

17 июн ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода, дар Форуми ректорони Донишгоҳи СҲШ бо маърузаи илмӣ таҳти унвони «Университет ШОС как пространство образовательной, научной и культурной интеграции: опыт ТМУИЯ имени Сотима Улугзода и новые инициативы сотрудничества» (Донишгоҳи СҲШ ҳамчун фазо барои ҳамгироии таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ: Таҷрибаи ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода ва ташаббусҳои нави ҳамкорӣ) баромад намуда, таҷрибаи муассиса ва ташаббусҳои нави ҳамкориро дар самтҳои таълим, илм ва фарҳанг муаррифӣ карданд.

Ҳамзамон, дар Форуми олимони ҷавони СҲШ сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Каримҷон Гадоев, мудири шуъбаи таҳлил ва иттилоот Шаҳло Раҷабализода ва омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Кароматулло Абдуллоев бо маърузаҳои илмии худ баромад намуда, масъалаҳои мубрами соҳа ва натиҷаҳои таҳқиқоти худро ба муҳокима гузоштанд.

Иштироки фаъоли ҳайати Донишгоҳ дар ин форумҳои байналмилалӣ бозгӯи густариши робитаҳои хориҷӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва баланд гардидани нуфузи муассиса дар фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ мебошад.