ТАШРИФИ САФИРИ ФАРОНСА БА ДОНИШГОҲ ВА ҶАМЪБАСТИ “ҲАФТАИ ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ”

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илму маориф ва рушди равобити фарҳангӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода мулоқот анҷом дод.

Мулоқоти ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён, омӯзиши забони фаронсавӣ ва тавсеаи робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бахшида шуд. Ҳамзамон, ташрифи сафири Фаронса ба ҷамъбасти чорабиниҳои “Ҳафтаи забони фаронсавӣ” рост омад, ки тайи чанд рӯз бо иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардида буд.

Зимни суҳбат ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода таъкид намуд, ки таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ин раванд ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ мусоидат менамояд.

Қайд гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила рушд ёфта, имрӯз дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг низ таҳкими бештар пайдо кардаанд. Дар ин росто роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати тақвияти маркази омӯзиши забони фаронсавӣ ва рушди ихтисосҳои марбут ба забони фаронсавӣ дар факултети забонҳои Аврупо тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Сафири Ҷумҳурии Фаронса Элза Пинёл зимни мулоқот аз сатҳи ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии ду ҷониб изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки тавсеаи робитаҳо дар самти маориф, илм ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҳар ду кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забони фаронсавӣ, барои рушди муоширати байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ нақши муассир мебозад.

Дар фарҷоми мулоқот меҳмонон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷамъбасти “Ҳафтаи забони фаронсавӣ” иштирок намуда, ба ғолибони озмуни “Беҳтарин донандагони забони фаронсавӣ” сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Чорабинӣ бо барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши маҳорати забондонии донишҷӯён ҳусни анҷом пазируфт.