НИШОНИ “АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ТОҶИКИСТОН” МУБОРАК БОШАД, УСТОД БАХТИЁР АБДУРРАҲИМЗОДА

Имрӯз, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Бахтиёр Абдурраҳимзода, аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳим Саидзода барои хизматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуданд.

Раёсат ва кормандону омӯзгорони Донишгоҳ устоди гиромӣ Бахтиёр Абдурраҳимзодаро барои ноил шудан ба ин дастоварди арзишманди соҳавӣ, ки самараи заҳматҳои бисёрсолаашон дар ин соҳа аст, самимона табрик намуда, барояшон дар ҷодаи илм ва фаъолияти минбаъда музаффариятҳои беназирро таманно менамоянд.