Имрӯз дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Олими сол”, “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” ва «”Магистранти сол»” баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки соли равон ба озмуни “Олими сол” 47 парванда пешниҳод гардида, 13 нафар ғолиб дониста шуданд.
Боиси хушнудист, ки дар озмуни “Олими сол” доктори илмҳои филологӣя, профессори кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва назарияи тарҷума Фаёзҷон Турсунов пирӯз гардида аз рӯйи номинатсияи илмҳои гуманитарӣ “Олими сол” дониста шуд.
Ғолибони ин озмунҳо бо Диплом, ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

