МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РЕКТОР БО ДОНИШҶӮДУХТАРОН

Муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода ва мудири бахши кор бо занону духтарон Маҳбуба Изатуллоева дар факултети равияи омӯзгории забони англисӣ бо донишҷӯдухтарон суҳбати судманд доир намуданд.

Лайлӣ Шарифзода зимни суҳбати худ иброз дошт, ки бо дастгириву сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кишвар ба бонувон шароиту имкониятҳои бисёр фароҳам шуда, онҳоро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз бегонапарастӣ ва тарғиби либосҳои бегона худдорӣ намоянд. Месазад, ки дар чунин кишвари озоду сулҳу субот бо либоси миллӣ, арзишҳои милии тоҷиконаро тарғиб намоянд.

Ҳадаф аз баргузории суҳбату мулоқот бо донишҷӯдухтарон пеш аз ҳама риояи сару либоси миллӣ, тарғиби суннатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва ҳамчунин истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.