Чун анъана дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо мақсади ҷалб кардани занону бонувон ба варзиш мусобиқаи футболи хурд зери унвони “Гурдофаридони Донишгоҳ” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ин мусобиқа аз ҳисоби бонувони факултетҳо ва раёсати Донишгоҳ 8 даста ширкат намуданд.
Мувофиқи нақша миёни дастаҳо бозиҳои давравӣ гузаронида шуда, бонувони раёсат бо ҷамоварии голҳои зиёд пирӯзӣ ба даст оварданд.
Ғолибони мусобиқаи мазкурро сайёҳат дар маконҳои таърихӣ интизор аст.