(бардошт аз Паёми Пешвои миллат)
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсии тақдирсоз аз соли 2000 ин ҷониб дар охири ҳар сол ҳамчун муждаи наку ба мардуми тоҷик пешниҳод мегардад. Паёми навини Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат” санаи 28.12.2024 дар бинои навбунёди Парламент ба Маҷлиси Олӣ мешниҳод гардид. Бояд қайд кард, ки дар асоси Паём Пешвои миллат як навъ ҳисоботи худро аз корҳои анҷомдодаашон дар давоми як сол ба халқи кишвар пешниҳод менамоянд. Дар қатори ҳисобот Роҳбари давлат мушкилоти ҷомеаро низ ёдоварӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро чун роҳнамои дурандеши халқ нишон медиҳанд.
Паёми соли 2024 – и Президенти мамлакатро коршиносон Паёми самти иқтисодӣ унвон кардаанд. Бояд тазаккур дод, ки Паёми мавриди назар наздики 20 масъалаи муҳимми ҳаёти мардуми кишварро фаро мегирад.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ҳамасола дар Паёмҳои Президенти мамлакат, хусусан, Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид гардид, ин масъалаи дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа буд. Аввалин ҷумлае, ки дар Паёми соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат дар мавриди занон ироа шуд, чунин буд: «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хоса дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст». Ин андешаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки Роҳбари давлат ба донишу заковат, неру ва иродаи занону бонувони тоҷик боварӣ доранд ва занҳоро баробари мардон дар вазифаҳои муҳимми роҳбарикунанда пешбарӣ мекунанд.
Имрӯзҳо дар кишварамон 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкорон аз ҳисоби бонувону занон мебошад ва ин далели дастгирӣ ва боварии Роҳбари давлат ба занон аст. Чунончӣ дар Паём маълум шуд, дар ҷумҳурӣ 110 ҳазор бонувону занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Бояд зикр кард, ки маҳз роҳнамоӣ ва дастгириҳои арзишманди Пешвои миллат буд, ки сол то сол сафи духтарони фаъол барои дохил шудан ба муассисаҳои олии кишвар афзудааст. Дар ин бора дар Паём чунин зикр шуд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд”.
Дастгирии аз ҳама муҳим ва беназир таъсиси квотаи Президентӣ барои духтарони навоҳии дурдаст мебошад. Маҳз ба воситаи ин ҳуҷҷати муҳимму тақдирсоз аз дурдасттарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва ояндаи худро сохта, имрӯз дар ҷомеа ба фаъолияти самарабахш машғуланд. Дар Паём иттилоъ дода шуд, ки: “Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд”. Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар қатори ҷавонписарон духтарони тоҷик низ дар муассисаҳои оли хориҷи кившар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд: Дар ин хусус дар Паёми Пешвои миллат чунин зикр шуд: “…Зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.”
Бо итминон метавон зикр кард, ки имрӯз занону бонувони тоҷик дар паҳлуи мардони тоҷик дар рушди илму маориф, фарҳанг, варзиш, тиб, истеҳсолот, кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ, паҳлу ба паҳлу фаъолият карда, заҳмат мекашанд. Инчунин, дар баробари вазифаҳои ҷамъиятию хизматӣ аз уҳдаи вазифаи хонаводагии хеш бо сарбаландӣ баромада, фарзандони накуномро тарбия мекунанд.
Бовар кардан, шароит муҳайё намудан ва дастгирӣ кардан албатта, ки барои рушди инсоният махсусан занону бонувон нақши бузург мегузорад. Ва ин гуфтаҳоро дар мисоли нақшаю ниятҳои нек ва муносибати ғамхоронаи Роҳбари давлат нисбат ба зан – модари тоҷик эҳсос мекунем. Дар ин хусус Пешвои миллат дар Паём чунин изҳор доштанд: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.
Занону бонувон дар ҳама давраҳои таърихӣ посдоранда, эҳёкунда ва ҳамчунин идомадиҳандаи беҳтарин расму русум ва анъанаҳои миллат буданду ҳастанд. Президенти кишвар дар аксарияти баромадҳои хеш бо боварӣ занонро :“Эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқ” медонанд.
Пешвои маҳбуби миллат дар охири андешаҳояшон дар мавриди занону бонувон чунин даъват ба амал оварданд: “Бовар дорам, ки занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.
Ҷавобан ба ҳама ғамхориҳо ва дастгириҳои Роҳбари хирадманди худ ман чун бонуи тоҷик кӯшиш менамоям, то рисолатамро дар ҷомеа ба таври зарурӣ иҷро кунам. Ҳамеша либоси миллии худро бо ифтихор дар ҳар ҷое, ки бошам ба бар намоям, лафзи ширину шевои тоҷикиро ба фарзандонам омӯзам ва дар қатори ин пос доштани арзишҳои миллиро ба онҳо таъкид созам.
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Шаҳло Раҷабализода, ассистенти кафедраи информатика