РАВАНДҲОИ ИБРАТОМӮЗӢ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мардуми шарифи тоҷик ҳамасола 16 ноябрро ҳамчун Рӯзи Президент бо шукуҳу тантана таҷлил мекунанд. Ин арҷгузорӣ ба хидмату заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷоннисорию сарсупурдагиҳо дар роҳи ба даст овардан ва таҳкими сулҳу субот, созандагию бунёдкории кишвар мебошад. Бо мақсади эҳтирому эътибору эътирофи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ҷашну маросимҳои мардумӣ ва фарҳанги миллист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар даврони истиқлолият ба рушди давлатдорӣ ва фарҳангии кишвар равона гардидааст. Ин сана рамзи ваҳдату худшиносии миллӣ буда, ояндаи дурахшони давлату миллатро муайян месозад.

Ҳар як фарди соҳибақлу бедордил ба қадри заҳматҳои бедареғи Сарвари хирадманд бирасад ва аз ин шахсияти некдилу некурафтор ифтихор намоянд, чунки хизматҳои беназири ӯ шоистаи таҳсину офарин мебошанд. Суханрониҳои роҳбари давлат дар минбарҳои бонуфзи ҷаҳонӣ бо забони софу ноби тоҷикӣ ва муаррифӣ кардани тоҷикон ҳамчун миллати қадимаю фарҳангсолор ифтихори миллии моро нисбат ба Пешвои миллат афзун мегардонад. Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояш чунин таъкид менамояд: «Аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд». Дар замони Истиқлол тавассути баромадҳои ин абармарди роҳи сиёсат дар аксар мамолики Ғарбу Шарқ Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, ташаббускор ва фарҳангӣ мешиносанд.

Таклифу пешниҳодҳои дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ пазирафта шудаанд. Яке, аз онҳо Даҳсолаи байналмилалии «Об манбаи ҳаёт буда, солҳои 2005-2025» буда, тамоми сайёраро ба андешидан водор намуд. Сарвари давлат дар бораи аҳамияти об дар ҳаёти инсон чунин мегӯяд: «Мо бояд арзиши ҳар як қатраи обро донем, онро оқилона истифада барем ва барои наслҳои оянда захира кунем. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сарчашмаи об ба ин масъала ҳамеша таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад».

Дар баробари ин, ҷашни Наврӯз бо муаррифии Сарвари давлат мақоми байналмилалиро соҳиб гардида, дар аксари давлатҳои дунё ин ҷашнро таҷлил менамоянд. Пешвои миллат дар созмонҳои баланд мартабаи ҷаҳонӣ аз таърихи Наврӯз ва марбут ба мардуми тоҷик будани онро таъкид намуда, даъват ба амал оварданд, ки бо ин ҷашн мақоми байналмилалӣ дода шавад ва дар тамоми ҷаҳон ҳамчун ҷашни саршавии баҳори ҳуҷастапай бо шукӯҳу шаҳомати беандоза ҷашн гирифта шавад. Аз суханронии Пешвои миллат ба муносибати ҷашни Наврӯз соли 2023-«Наврӯз ҷашни бузурги ниёгон, рамзи эҳё, эҳтироми табиат ва дӯстию ҳамзистии мардуми ҷаҳон аст. Ин ҷашн баёнгари фарҳанги волои инсонӣ ва андешаи созанда мебошад». Ин пешниҳоди Сарвари давлат низ хуш пазируфта шуда, имрӯзҳо ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ дорад, ки боиси ифтихори тоҷикони ҷаҳон ва тоҷикистониён гардидааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон рамзи сулҳ, хирад ва худшиносӣ ҳастанд ва арҷгузорӣ ба хизматҳои ин абармарди таърих дар ин рӯз, яъне дар Рӯзи Президент ин вазифаи инсонию имонии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст. Дар симои Пешвои миллат меҳрубонию хирадмандию устувори дида мешавад. Мардуми тоҷикро пайваста таъкид менамояд, ки аз тоҷик буданашон ифтихор намоянд. Дар яке аз баромадҳояш чунин таъкид карда буд: «ман аввал тоҷикам баъд мусалмон», аз ин бармеояд, ки Пешвои миллат аз тоҷик буданаш бештар ифтихор менамояд. Мо низ кӯшиш намоем, дар ин андеша пайрави сарвари хирадманди худ бошем.

Яке, аз пешниҳодҳои саривақтӣ ва беназири Сарвари давлат баланд бардоштани мақоми омӯзгор мебошад, ки имрӯзҳо вирди забони мардуми кишвар гардидааст. Пешвои миллат омӯзгорро беҳтарин шахсия эътироф карда аз аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, ки омӯзгорро эҳтиром ва шаъну шарафи ӯро ҳифз намоянд. «Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, ҳуруфоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонанд». Ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро низ Пешвои миллат хотиррасон намуд. «Дар робита ба ин вазоратҳои маориф ва илм, адлия, молия, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳрии Тоҷикистон «Дар бораи омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори тоҷикон ва тоҷикистониён мебошад. Ин шахсияти шинохтаву беназир тавонистааст, ки давлати аз байн рафтаро ба як давлати куллу воҳид табдил диҳад. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тамоми мардум сарсону саргардон буданд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда беш аз як миллион нафар аҳолии Тоҷикистон муҳоҷир гардиданд. Сохтори давлатдорӣ фалаҷ гардида, хазинаи давлат ба сифр баробар шуда буд. Мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон бозичаи дасти дасисабозон гардида буд. Аз ин лиҳоз мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар тамоми ҳолат ҳушёру далер бошем.

Дар замони мо таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба омӯзгорон бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва аз файзи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам афзудааст. Сарвари кишвари маҳбуби мо аз нахустмарҳилаи фаъолияташон маорифро «соҳаи афзалиятнок» эълон намуда, ба ислоҳоти кулли ин соҳаи тақдирсози миллат асос гузоштаанд.

Пешвои миллат омӯзгорро «афрӯзандаи машъали илму дониш» ва «равшанкунандаи хиради башар» номида, бо камоли ихлосу эҳтиром таъкид бинмудаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон-фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз ин хушбахт мешуморад. Имрӯз масъулияти омӯзгор боз ҳам афзудааст».

Беҳтарин раҳнамоӣ ва корномае, ки Пешвои муаззами миллат баҳри мардуми тоҷик анҷом додааст, ин ба даст овардани истиқлолияти миллӣ мебошад. Вазифаи мо омӯзгорон ин истиқлолиятро бо тамоми арзишу аҳамияташ дар қалби шогирдон ҷой додан аст. Воқеан ҳам, истиқлоли кишвар дар назди аҳли таълиму тарбия вазифаҳои бештару масъулиятбортар гузоштааст ва онҳоро мебояд, ки дар руҳияи ватандӯстию ватандорӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас ва бо донишҳои муҳимми муосир мусаллаҳ намудани ояндасозони ҷумҳурӣ ҷиду ҷаҳд намоянд. Пайваста кӯшиш намоянд, ки дар ин самт аз навгониҳои соҳа, усулҳои фаъоли омӯзиш ва василаҳои дигари таълиму тарбия пурсамар истифода баранд. Тарбияи худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллии ҷавонону наврасон аҳамияти махсус пайдо кардааст. Аз ин лиҳоз нақши омӯзгорон ҳамчун раҳнамоёни ояндаи дурахшон ва ҳидоятгарони аъмоли нек боз ҳам барҷастатар гаштааст.

Зайниддини Абдулҳамид, номзади илмҳои филология, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик.