ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАҲДАТ ВА САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ ва нишонаи ҳастии ҳар як миллату давлат ба шумор меравад. Он таҷассумгари таърих, фарҳанг, тамаддун, ормонҳои миллӣ ва ифтихори ватандории мардум мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба Ватан аст.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои нави давлатиро пеш гирифт. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвар қабул гардид. Ин рӯйдод дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳаммияти бузург дорад. Аз ҳамин сабаб, ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст: рахи боло сурх, рахи миёна сафед ва рахи поён сабз мебошад. Дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоранг ҷойгир шудаанд. Ҳар як ранг ва унсури парчам маънои рамзии худро дорад.

Ранги сурх рамзи муборизаи халқ барои озодӣ, истиқлолият, ҷасорат ва фидокорӣ мебошад. Ранги сафед покӣ, сулҳу осоиштагӣ, бахту саодат ва нияти неки мардумро ифода мекунад. Ранги сабз бошад, рамзи табиати зебои Тоҷикистон, сарсабзӣ, ободӣ, шукуфоӣ ва ҳаёти осоишта аст.

Тоҷи дар маркази парчам ҷойгиршуда нишонаи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва соҳибтамаддун будани миллати тоҷик мебошад. Ҳафт ситора бошад, дар фарҳанги миллӣ рақами муқаддас маҳсуб ёфта, рамзи саодат, камолот ва бахти нек аст.

Парчами давлатӣ дар тамоми марҳилаҳои ҳаёти ҷомеа мақоми махсус дорад. Он дар биноҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, майдонҳои варзишӣ ва чорабиниҳои расмӣ парафшон мегардад. Ҳангоми сафарҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ парчами Тоҷикистон муаррифгари давлат ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи шинохти Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон нақши муҳим мебозад. Ҳар боре, ки парчами Тоҷикистон дар минбарҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои олимпӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ баланд мешавад, эҳсоси ифтихор ва муҳаббат ба Ватан дар қалби шаҳрвандон бедор мегардад.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо бо сухан маҳдуд намешавад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ гиромӣ дорад, таърихи пайдоиш ва маънои рамзҳои онро омӯзад ва дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳм гузорад. Хусусан, ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии кишвар мебошанд ва эҳтироми онҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.

Хулоса, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як матои серанга, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, ормонҳои миллӣ, истиқлолият ва ояндаи дурахшони давлату миллат аст. Он моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдат ва ободонии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад ва дар зери сояи он мардуми шарафманди тоҷик зиндагии осоишта, саодатманд ва сарбаланд дошта бошанд!

Парчами мо — рамзи ҳастии мо, ифтихори мо ва нишонаи соҳибдавлатии миллати тоҷик аст!

Шамсов Бахтовар, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи информатика.