ЗАБОН – ОИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

Забон бузургтарин ва муқаддастарин мероси ҳар миллат маҳсуб меёбад. Забон на танҳо воситаи муоширати байни одамон, балки оинаест, ки дар он таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, орзуву ормон ва арзишҳои маънавии мардум инъикос меёбанд. Ҳар миллат бо забони худ шинохта мешавад ва нақши забон дар ташаккули худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди забон вазифаи муҳимми ҳар як давлату ҷомеа мебошад.

Забони тоҷикӣ дар масири таърих ҳамеша бо фарҳанг ва маънавиёти миллати тоҷик пайванди ногусастанӣ дошта, барои пойдории ҳувияти миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Дар тӯли асрҳо адибон, донишмандон ва мутафаккирони тоҷик бо ин забон асарҳои арзишманди илмию бадеӣ офаридаанд. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар бузургони адабиёти форсу тоҷик далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Забон дар тӯли таърих ҳамеша бо ҳаёти мардум пайванди ногусастанӣ дошта, таъриху фарҳанги онро инъикос мекунад. Дар калима ва ибораҳои забони тоҷикӣ осори зиндагии ниёгон, расму оинҳо, анъанаҳои миллӣ ва таҷрибаи чандин насли мардум маҳфуз мондааст. Зарбулмасалу мақолҳо, сурудҳои мардумӣ, қиссаҳо ва ривоятҳо намунаҳои равшани ин мероси маънавӣ мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши забон ба омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат низ мусоидат мекунад.

Ҷойгоҳи забон дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун воситаи муҳимми ҳифзи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ арзёбӣ мегардад. Чунонки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо – тоҷикон, забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад”.

Бо дарназардошти чунин ҷойгоҳи муҳим ва арзиши бузурги забони тоҷикӣ дар ҳаёти миллӣ, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон он мақоми забони давлатӣ гирифт. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ гирифт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ҳамасола бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ин сана ба эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ равона шудааст. Забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ низ далели эҳтироми ҷомеа ба ин арзиши бузурги миллӣ мебошад.

Имрӯз дар шароити рушди босуръати технология ва ҷаҳонишавӣ масъулияти мо барои ҳифзи забони тоҷикӣ боз ҳам бештар мегардад. Истифодаи дурусти забон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо, муҳити таълимӣ ва корӣ низ ҷузъи фарҳанги забондонӣ мебошад. Забони тоҷикӣ бояд на танҳо мероси гузашта, балки воситаи пурқудрати муошират, донишандӯзӣ ва эҷодиёти насли имрӯз бошад.

Дар ниҳоят, забон воқеан оинаи таърих ва фарҳанги миллат аст. Дар он садои гузаштагон, таҷрибаи мардум, ҳикмати бузургон ва орзуву ормонҳои миллат таҷассум ёфтаанд. Ҳифзи забон маънои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳастии миллатро дорад.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд забони модарии худро дӯст дорем, дуруст омӯзем, бо эҳтиром истифода барем ва онро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ барои наслҳои оянда пойдор нигоҳ дорем.

Маҳмудзода Миҷгона, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва тарҷумашиносии факултети тарҷумонии забони англисӣ.