Аз таърихи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳаммияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандин ҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсуз оғоз гардид, ки он аз ҷониби душманони миллат роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдори ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию ороми дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами “Сулҳи тоҷикон” – ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Пешвои миллат баҳри пешрафти иктисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонави ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи “Роҳи абрешим”, бунёди нақбҳои “Анзоб”, “Шаҳристон”, “Шар-шар” ва “Чормағзак”, сохтмонҳои китъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанок, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кулоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашони ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.

Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқдолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқавори, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи оби, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Имрӯз давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.

Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду чаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхона, театри миллӣ, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар катори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо “Шаҳри гулҳо” ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд.

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурда истодааст. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касби мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.

Дар замони соҳибистиклолӣ ба рушди фарҳанг низ диққати чиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷдиди 1100 – содагии давдати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150 – содагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500 – солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700 – солагии шаҳри Кулоб, 700 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 5500 – солагии Саразм, 3000 – солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ханафӣ Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан чашн гирифта шуд. Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон – Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халққои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Пешвои муаззами миллат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини ислом ба сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақа пардохта, хишти аввали бинои наву замонавии Донишкадаи исломиро гузоштанд. Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ кадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Аммо бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини ислом ин пок намудани номи дин ва мусулмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷахонӣ шуда, имрӯз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нуқта пайваста садо медиҳад.

Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рузҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд.

Пешвои муаззами миллат дар робита ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: “Дар натиҷа мо дар зарфи севуним даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад”.

Дар дунё чандин мардумоне арзи вучуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзӯи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин хадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳануз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд. Аз ин ро, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабех ба биҳишт мебошад. Бояд хамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва хама хамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.

Назарова Маърифат. н.и.ф., муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва рӯзноманигорӣ.