(бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
9 сентябри соли 1991 миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро дарёфт ва дар саросари олам ҳамчун кишвари тозаистиқлоли соҳиби муқаддасоти миллӣ муаррифӣ гардид. Ин воқеаи фараҳбахш орзуи деринаи халқ буд, зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои ниҳоят ором ва ваҳдатофари давлатҳои ҷаҳон буда, мардумаш дар якҷоягӣ бо сарбаландӣ, дӯстиву рафоқат ва якдилӣ умр ба сар бурдаистодаанд.
Дар тули даврони соҳибистиқлолӣ, мамлакат ба дастовардҳои ниҳоят назарас ноил гардидааст. Дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар мудати кутоҳӣ таърихӣ ба даст овардааст, шоистаи таҳсин аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва оромиву осудагии мамлакат дастранҷ ва заҳматҳои пайвастаи халқи шарафмандӣ Тоҷикистон ва фарзандони фарзонаи миллат, хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тоҷикистон худ давлати ҷавонон буда, аксарияти аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки ҳиссаи ҷавонон дар рушди иқтисоди миллӣ назаррас аст.
Бояд гуфт, ки дар тули соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи ниҳоят зиёди давлату ҳукумат хусусан Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва қишри фаъоли ҷомеа, ҷавонон нигаронида шудааст. Имрӯзҳо кушиши Президенти мамлакат пеш аз ҳама ба таҳсили ҷавонон, соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гаштани онҳо, инчунин дар давраи пешравии илму техника донистани забонҳои хориҷӣ ва истифода бурдани тавонистани техникаю технологияи муосир мебошад. Албатта дар ҳаёти ҷавонон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ниҳоят бузурге доранд ва ҳамеша ба ҷавонон такя намуда ин қишри фаъоли ҷомеаро “Созандагони фардои ҷомеа” – “Ҷавонон – ояндаи миллат” – гуфтаанд. Дар асарҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созандагии ҷавононро ниҳоят тақдирсоз таъкид кардаанд.
Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохуриву суханрониҳояшон чӣ бо ҷавонон ва чӣ бо зиёиёну мардуми кишвар ҳамеша сухани худро ба онҳо такрор ба такрор мерасонанд, ки то шаҳрвандон моҳияти ин суханҳоро хуб дарк кунанд, ки: “Ватанро, ки обод мекунад? Мутахассис. Миллатро, ки муаррифӣ мекунад? Мутахасис”. Ин суханҳо бештар ба насли наврас ва ҷавонон нигаронида шудааст. Зеро ин, ки маҳз ҷавонон оянда, созанда ва ободкундаи миллату давлати тоҷик ва Тоҷикистон мебошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки то ба даст овардани Истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ дорои 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Акнун бошад дар замони соҳибистиқлоли миқдори онҳо ба 40 ва шумораи донишҷӯён ба зиёда аз 250 ҳазор нафар расидааст.
Зеро ба гуфтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”. Маҳз ҳамин эътимоду бовари Пешвои миллат нисбати ҷавонон буд, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки саннаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли вусъат бахшидани корҳои ободонӣ” эълон намуданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки он сиёсате, ки нисбати ҷавонон давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтааст дар сатҳи ҷаҳонӣ ва нисбати дигар мамлакатҳо беназир аст.
Сарвари давлат сиёсати давлатии чавононро яке аз рукнхои аввалиндарачаи сиёсати Хукумати Чумхурии Точикистон шуморида, хамеша таъкид медоранд, ки “Чавонон неруи фаолу боғайрат, қувваи созандаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндаги ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳама аъзоёни ҷомеа мебошад”.
Барои ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату ҳукумат ва Пешвои миллат ҷавононро мебояд, барои мутахассисони замони нав шудан ва ба халқу ватан софдилона хизмат намудан, кушиш ба харҷ диҳанд.
Маҳз тавассути ҷавонон метавон ояндаи илму дигар соҳаҳоро тулонӣ ва маълум намуд. Яъне давомдиҳандаи роҳу пайкори минбаъда дар ҷомеа ин ҷавононанд, ки қувваи ниҳоят бузурги созанда ва пешбарандаеро ташкил медиҳанд.
Ҷавонон бо як эҳсоси баланди худшиносӣ ба ояндаи некӣ Тоҷикистон назар намуда, барои дар воқеият созанда ва иқтидори бузурги пешбарандаи ҷомеа будани худро нишон додан, беш аз пеш саъю талош намудаистодаанд. Боиси хушнудист, ки дар арафаи 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон қарор дорем.
Ҷавононро мебояд дуруст дарк намоянд, ки тақдири имрӯзу ояндаи миллат аз онҳо вобаста аст. Илм омӯзанд, соҳибкасбу соҳибҳунар гарданд то ки кишвари ободу осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба суи пешравиҳои беназир роҳнамоӣ ва соҳибӣ намоянд.
Муҳаммадиева ДИЛДОРА, муаллими калони кафедраи забони русии факултети забон ва адабиёти рус.