Дар масири таърихии ҳар як халқу миллат рӯйдодҳои муҳиме ба вуқуъ мепайванданд, ки аҳамияти онҳо аз доираи як давраи муайяни таърихӣ фаротар рафта, ҳамчун омили асосии таҳкими давлатдорӣ, пойдории миллат ва кафолати рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегарданд. Чунин рӯйдоди муҳим ва тақдирсоз барои миллати тоҷик расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ба туфайли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардида, роҳи рушди устувор ва созандагиро пеш гирад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, соҳиби нуфуз ва мавқеи арзанда мебошад.
Дар суханрониҳои худ ҳамеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ризоияти ҷомеа арзишҳое мебошанд, ки бақои давлат ва рушди устувори кишварро таъмин менамоянд».
Барои Тоҷикистон ваҳдати миллӣ танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши волои маънавӣ ва пояи асосии ягонагии мардум, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки маҳз сулҳу ваҳдат барои таҳкими давлатдорӣ, пешрафти ҷомеа ва рушди худшиносии миллӣ нақши ҳалкунанда доштааст. Агар Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имкони эҳё ва бунёди давлатдории миллиро фароҳам оварда бошад, пас Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили калидӣ барои ҳифз, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини рушди минбаъдаи он хизмат намудааст. Бояд таъкид намуд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун неъмати гаронбаҳо ва мероси арзишманд барои наслҳои имрӯзаву оянда эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, нақши таърихӣ ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамеша бояд бо эҳтиром ва қадршиносӣ ёдоварӣ гардад. Зеро гиромидошти рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи миллату давлат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи ватандӯст нишонаи эҳтиром ба гузашта, масъулият дар назди имрӯз ва ғамхорӣ нисбат ба ояндаи давлати тоҷикон мебошад.
Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама маънои эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмии тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро дорад, ки дар доираи як давлат бо ҳадафу ормонҳои муштарак зиндагӣ мекунанд. Он инчунин ифодакунандаи садоқат ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангие мебошад, ки ҷомеаи моро муттаҳид месозанд. Дар шароити имрӯза ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад. Аз сиёсатмадорон, зиёиён, ҷавонон ва ҳамаи қишрҳои фаъоли ҷомеа масъулияти баланд тақозо мегардад, ки на танҳо ин дастоварди бузургро ҳифз намоянд, балки дар заминаи он фарҳанги ҳамзистии осоишта, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳамдигар ва масъулияти шаҳрвандиро боз ҳам густариш диҳанд.
Дар шароити кунунӣ ҳамаи моро зарур аст, ки бо нияти нек, иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намоем. Танҳо тавассути ҳамбастагӣ, заҳмати содиқона ва эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ метавонем рушди устувори кишвар ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин созем. Бақои миллат аз таҳкими ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад. Ваҳдат моро ба ҳам муттаҳид месозад, эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро тақвият мебахшад ва барои амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ неру мебахшад. Пойдории давлат ва пешрафти устувори кишвар ба ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ризоияти ҷомеа такя дошта, маҳз ин арзишҳои муқаддас асоси рушди ҷомеа ва кафолати ояндаи дурахшони миллат мебошанд. Ҳифзи ваҳдат маънои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳанг ва ояндаи миллатро дар бар мегирад. Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки сулҳ неъмати бебаҳо ва арзиши олӣ барои ҳар як ҷомеа аст. Миллате, ки ваҳдату ҳамбастагӣ дорад, метавонад ҳар гуна душворию монеаҳоро паси сар намуда, бо итминон ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ қадам гузорад.
Боиси сарфарозӣ ва ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки кишвари мо ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ боз як пешниҳоди муҳими ҷаҳониро бо муваффақият амалӣ намуд. 25 июни соли 2026 Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, қабул кард. Тибқи ин қатънома, солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон шуданд.
Ҳадафи асосии ин ташаббуси байналмилалӣ таҳкими сулҳу амнияти пойдор, пешгирии низоъҳо, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва фарҳанги сулҳ мебошад. Ҳамзамон, татбиқи ин даҳсола барои густариши нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳ, бунёди ҷомеаи осоишта ва мусоидат ба рушди устувори кишварҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин ташаббуси байналмилалӣ, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, бори дигар ҷойгоҳ ва нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди ташаббусҳои сулҳпарварона ва таҳкими амнияту ҳамкории байналмилалӣ собит намуд. Ин дастоварди муҳим на танҳо боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон мебошад, балки саҳми арзишманди кишвари мо дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ, рушди ҳамкориҳои созанда ва пешбурди арзишҳои умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Қабули ин қатънома идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва иқдомҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, нуфуз ва обрӯи давлати моро ҳамчун узви фаъолу масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким мебахшад. Дар баробари ин, ҷомеа масъулияти бузург бар дӯш дорад, ки арзишҳои Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар зеҳну шуури насли наврас тарбия ва таҳким намояд. Зеро маҳз ҷавонони соҳибмаърифат, худогоҳ, ватандӯст ва масъулиятшинос идомадиҳандагони роҳи созандагии давлат, ҳомиёни дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, инчунин кафили пешрафти ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» имконияти нодирест, ки тавассути он метавон барои наслҳои оянда ҷаҳони амнтар, босубот ва зеботар ба мерос гузошт. Сулҳ аз арзишмандтарин неъматҳои башарӣ ба шумор рафта, ҳифзу таҳкими он масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ояндаи дурахшон ва осоиштаи фарзандон саҳмгузор бошем ва бо пайравӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои сулҳофари худ дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа саҳми арзанда гузорем.
Қурбонова Ҷамолбӣ, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии педагогика.