Сулҳ неъмати бебаҳо ва асоси рушди устувори ҳар як давлату ҷомеа мебошад. Дар ҷаҳони имрӯз, ки бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои амниятӣ, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ аст, таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша барои таҳкими сулҳу субот ва ҳамкории созанда саҳми арзишманд мегузорад.
25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории давлатҳои аъзо қатъномаро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» қабул намуд. Ин ташаббуси муҳим бо пешниҳоди “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” амалӣ гардида, ҳамчун иқдоми муҳими байналмилалӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ ва рушди муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо арзёбӣ мешавад.
Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалӣ таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди фарҳанги муколама, таҳаммулгароӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими ҳамкории байни давлатҳо ва наслҳо мебошад. Ин ташаббус аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, рушди устувор ва зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзаву оянда саъю кӯшиши муштарак намоянд.
Дар паёми шодбошии худ ба муносибати қабули ин қатънома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки сулҳ танҳо маънои набудани ҷангро надорад. Ба таъкиди Пешвои миллат:
«Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.»
Ин суханон аҳаммияти амиқи сулҳро ҳамчун арзиши умумии башарӣ нишон медиҳанд. Сулҳи ҳақиқӣ танҳо дар шароите пойдор мемонад, ки дар ҷомеа адолат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми инсон ва имкониятҳои баробар барои ҳама таъмин бошад.
Ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пеш аз ин низ Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо обрӯи баланд пайдо кардааст. Акнун пешниҳоди нави Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ нақши фаъол дорад.
Дар доираи ин Даҳсола таваҷҷуҳи махсус ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон равона карда мешавад. Ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, таҳаммулгароӣ, фарҳанги сулҳ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба камол расанд. Ҳамчунин, рушди илму маориф, омӯзиши технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ барои омода намудани ҷавонон ба талаботи ҷаҳони муосир аҳаммияти калон дорад.
Қабули ин қатънома нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси Тоҷикистон ва сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат пуштибонӣ мекунад. Дар доираи татбиқи Даҳсола баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, барномаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, инчунин густариши ҳамкории байни кишварҳо пешбинӣ шудааст. Тоҷикистон ният дорад соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро бахшида ба оғози расмии Даҳсола баргузор намояд.
Хулоса, «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» ташаббуси муҳим ва дурбинонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст. Ин ташаббус барои таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, рушди фарҳанги муколама, эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамбастагии байни халқҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзаву оянда аҳаммияти бузург дорад.
Ҳифзи сулҳ вазифаи ҳар як инсон аст. Танҳо бо эҳтироми ҳамдигар, ҳамкорӣ, таҳаммулгароӣ ва масъулияти муштарак метавон ҷаҳони амну осуда ва ояндаи дурахшонро барои наслҳои оянда бунёд намуд.
Фарҳод Халиқулзода – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ