ЗАНОНУ МОДАРОН – АМАЛИКУНАНДАИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Сулҳ яке аз бузургтарин арзишҳои инсоният ва асоси рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳони муосир, ки инсоният бо низоъҳо, таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, ҳифзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ аҳаммияти махсус пайдо кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун абармарди сулҳхоҳу сулҳдўст ва сулҳпарвар ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот буда, Тоҷикистони беҳиштосо бо сарварии ин шахсияти сулҳпеша, ба ҳайси кишвари ҷонибдори сулҳ ва ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҷиҳати таҳкими суботи сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои муҳимро пешниҳод менамояд. Сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ба ҳифзи арзишҳои инсонӣ, таҳкими дӯстӣ байни халкҳо ва ҳалли ҳамагуна масъалаҳо тавассути муколама равона гардидааст.

Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки бо иродаи қавӣ, гуфтушунид ва ҳамдигарфањмию ҳамдигарбахшӣ метавон аз душвориҳо гузашта, ҷомеаи орому устувор бунёд кард. Маҳз ҳамин таҷриба заминаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон гардидааст.

Яке аз иқдомҳои муҳимму навбатии ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат пешниҳоди эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилали таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мебошад. Ин ташаббус ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши муколама ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои зиндагии наслҳои оянда равона шудааст, ки бо қатъномаи СММ аз 25.06.2026 қабул гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар татбиқи ҳадафҳои сулҳ нақши занон ва модарон низ бузургу назаррас мебошад, зеро Модар нахустин тарбиятгари инсон буда, аз кӯдакӣ ба фарзанд эҳтиром, меҳрубонӣ, сабру таҳаммул ва дӯст дошатани Ватанро меомӯзонад. Оила макони аввалин ташаккули фарҳанги сулҳ аст ва маҳз аз тарбияи дурусти фарзандон ояндаи ҷомеа вобаста мебошад.

Занон ҳамчун нерӯи созанда ва сулҳофар метавонад дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон ва пешгирии низоъҳо саҳми арзанда гузоранд. Занони тоҷик дар тули таърих ҳамчун рамзи меҳрубонӣ, хирад ва устуворӣ шинохта шудаанд. Фаъолияти занон дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва ҷомеа барои пешрафти давлат ва тарбияи насли солим аҳаммияти басо калон дорад. Аз муҳити солими оила ҷомеаи солим ва давлати пешрафта ташаккул меёбад.

Ҷавонон низ идомадиҳандангони роҳи сулҳ ва созандагӣ мебошанд. Барои онҳо зарур аст, ки дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия ёбанд. Дар ин раванд ниқши модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа хеле муҳим аст.

Фарҳанги сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Он эҳтироми инсон, адолат, таҳаммулпазирӣ, ҳамкорӣ ва масъулиятшиносиро дарбар мегирад. Ҳар як инсон бо рафтори нек, эҳтироми дигарон ва саҳмгузорӣ дар ободии ҷомеа метавонад барои таҳкими сулҳ қадам бардошта нақши худро дар ин амали хайру муҳим гузорад.

Имрўз ташаббусҳои сулҳпарваронаи Тоҷикистон, ки бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ қабул гардидааст, аҳаммияти бузург дорад. Онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳифзи ояндаи инсоният даъват менамояд.

Сулҳ неъмати бузургтарин ва Ваҳдат асоси пешрафти ҳар миллату давлат мебошад. Барои бунёди ҷаҳони осоишта саҳми шахсиятњо, давлатҳо, ҷомеа, ҷавонон ва махсусан занону модарон хело зарур аст. Зеро модаре, ки фарзанди худро дар руҳияи сулҳ, муҳаббат ва инсондӯстӣ тарбия мекунад, дар сохтани ояндаи дурахшони башар саҳм мегузорад.

Сулҳ мероси арзишманди наслҳои имрӯз ва кафили ояндаи осоиштаи наслҳои фардо мебошад.

Мо, занону модарони хушбахти Тоҷикистони азизу сулҳпарвар ҳамеша саъй мекунем, ки ташаббусҳои инсондўстонаву раиятпарваронаи Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо ва дар ниҳоди фарзандону ҷомеа таҳким бахшидани мафкураи сулҳхоҳиву сулҳпарварӣ камари ҳиммат бандем.

Наргис Муродова, муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ.