Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ҳамкориҳои маорифии СҲШ

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар солҳои охир ба сатҳи нави рушд расидаанд. Имрӯз садҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи Чин таҳсил намуда, дар доираи барномаҳои муштараки байналмилалӣ имконияти такмили дониш ва таҷрибаи касбиро пайдо мекунанд.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаи ҳамкориҳои маорифӣ мавқеи калидӣ дошта, мафҳумҳои «教育合作» (ҳамкории маорифӣ), «文化交流» (табодули фарҳангӣ) ва «人类命运共同体» (ҷомеаи сарнавишти муштараки инсоният) ҳамчун унсурҳои муҳими дипломатияи байналмилалӣ арзёбӣ мешаванд. Ин мафҳумҳо на танҳо рушди муносибатҳои байнидавлатиро инъикос менамоянд, балки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо низ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар замони муосир омӯзиши таҷрибаи ҳамкориҳои СҲШ дар соҳаи маориф барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро он ба такмили низоми таҳсилот, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва мутобиқ намудани маорифи миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои муассиси СҲШ аз рӯзҳои аввали таъсиси Созмон дар таҳкими фаъолияти он саҳми фаъолона мегузорад. Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар доираи СҲШ ҳамчун воситаи муҳими таҳкими амният, рушди иқтисодӣ ва такмили низоми маориф арзёбӣ менамояд. Дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин барномаҳои зиёди таълимӣ ва фарҳангӣ амалӣ гардида истодаанд, ки онҳо барои омӯзиши забони чинӣ, табодули академӣ ва густариши «中塔友谊» (дӯстии Тоҷикистону Чин) аҳамияти бузург доранд. Дар маҷмӯъ, таъсиси СҲШ қадами муҳим дар роҳи ташаккули низоми нави ҳамкориҳои минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз Созмон ҳамчун платформаи муҳими муколамаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баромад намуда, барои рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамгироии минтақавӣ нақши муассир мебозад.

Заминаи асосии таъсиси СҲШ фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай» гардид. 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай сарони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Созишнома дар бораи таҳкими боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаҳои сарҳадиро ба имзо расониданд.

Имрӯз СҲШ яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ба шумор рафта, масоҳати давлатҳои узви он қисми зиёди қаламрави АвруОсиёро дар бар мегирад. Аҳолии кишварҳои аъзои Созмон зиёда аз нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ин омил аҳамияти геополитикии СҲШ-ро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам бештар мегардонад. Яке аз хусусиятҳои муҳими СҲШ дар он аст, ки Созмон на танҳо масъалаҳои амниятиро баррасӣ менамояд, балки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмӣ-маорифӣ низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар доираи фаъолияти СҲШ даҳҳо барномаҳои муштарак амалӣ гардида, ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ густариш ёфтаанд.
Дар сиёсати СҲШ мафҳуми «Рӯҳияи Шанхай» («上海精神») ҷойгоҳи махсус дорад. Ин мафҳум принсипҳои эътимоди мутақобила, баробарӣ, машварат, эҳтиром ба гуногунии фарҳангҳо ва рушди муштараки давлатҳоро дар бар мегирад. Маҳз «上海精神» ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд байни давлатҳои аъзо мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Мардумии Чин ин принсипҳоро ҳамчун пояи асосии дипломатияи минтақавии худ арзёбӣ мекунад. Ҳадафҳои асосии СҲШ пеш аз ҳама ба таҳкими амният ва субот дар минтақа, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона гардидаанд. Бо вуҷуди ин, дар солҳои охир масъалаҳои рушди устувор, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва маориф низ ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Созмон табдил ёфтаанд .

Соҳаи маориф дар сиёсати СҲШ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Давлатҳои аъзо кӯшиш доранд, ки фазои ягонаи илмӣ-таълимиро ташаккул дода, имкониятҳои табодули донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқонро васеъ намоянд. Дар ин замина, таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ яке аз иқдомҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ин муассиса барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ мусоидат мекунад.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар давраи муосир ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва махсусан маориф босуръат рушд намуда истодаанд. Дар ин раванд Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ҳамчун платформаи муҳими ҳамкории минтақавӣ барои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин нақши калидӣ мебозад. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифта, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти махсус дод. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда, муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо ба роҳ монд. Аз ҳамон давра то имрӯз муносибатҳои ду кишвар дар асоси эҳтироми мутақобила, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои судманд рушд ёфта истодаанд.
Имрӯз Чин яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар доираи сиёсати байналмилалии Чин консепсияи «一带一路» (“Як камарбанд — як роҳ”) мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари муҳими минтақаи Осиёи Марказӣ дар татбиқи ин ташаббус ҷойгоҳи махсус дорад. Ин раванд на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба густариши ҳамкориҳои илмӣ-маорифӣ ва фарҳангӣ низ мусоидат менамояд. Дар солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф ба таври назаррас густариш ёфтаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳои таҳсилӣ пешниҳод намуда, имконият фароҳам меорад, ки ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи Чин таҳсил намоянд. Ҳар сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар шаҳрҳои Пекин, Шанхай, Сиан, Урумчӣ ва дигар марказҳои илмии Чин зиёд мегардад. Ин раванд ба омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди нерӯи инсонӣ мусоидат менамояд.

Дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омӯзиши забони чинӣ сол аз сол рушд мекунад. Дар назди як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ марказҳои омӯзиши забони чинӣ ва Институтҳои Конфутсий фаъолият доранд. Ин марказҳо барои омӯзиши забон, фарҳанг ва таърихи Чин шароити мусоид фароҳам овардаанд. Омӯзиши забони чинӣ имрӯз барои ҷавонони тоҷик аҳамияти амалӣ касб намуда, имкониятҳои нави таҳсил, кор ва ҳамкориҳои байналмилалиро боз менамояд.

Забони чинӣ ҳамчун яке аз забонҳои расмии СҲШ аҳамияти махсус дорад. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ донистани забони чинӣ барои мутахассисони соҳаҳои дипломатия, иқтисодиёт, технология ва маориф муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Мардумии Чин сиёсати «教育合作» (ҳамкории маорифӣ)-ро фаъолона татбиқ намуда, тавассути он барои густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни давлатҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф танҳо ба таҳсили донишҷӯён маҳдуд намешаванд. Имрӯз байни донишгоҳҳои ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, барномаҳои муштараки илмӣ ва академӣ амалӣ гардида истодаанд. Конфронсҳои байналмилалӣ, форумҳои илмӣ, табодули устодон ва таҳқиқоти муштарак аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкориҳо мебошанд .

Дар доираи СҲШ масъалаи рушди ҷавонон ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Давлатҳои аъзо кӯшиш мекунанд, ки фазои ягонаи илмӣ-таълимиро ташаккул диҳанд. Дар ин замина Донишгоҳи шабакавии СҲШ яке аз лоиҳаҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии ин ташаббус омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои илмӣ байни давлатҳои аъзо мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд иштироки фаъол дошта, ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва маорифӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, ворид намудани технологияҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Дар ин самт таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Дар фарҳанги сиёсӣ ва дипломатии Чин мафҳуми «人类命运共同体» (“ҷомеаи сарнавишти муштараки инсоният”) мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ин консепсия ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, эҳтироми фарҳангҳои гуногун ва рушди муштараки давлатҳо равона шудааст. Дар муносибатҳои Тоҷикистону Чин низ ин идея ба таври фаъол инъикос меёбад.
Табодули фарҳангӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими дӯстии байни халқҳо мебошад. Дар доираи барномаҳои «文化交流» (табодули фарҳангӣ) донишҷӯён ва ҷавонони тоҷик имконият доранд бо фарҳанг, таърих ва анъанаҳои Чин шинос шаванд. Ҳамзамон, донишҷӯёни чинӣ низ ба омӯзиши фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Ин раванд барои таҳкими «中塔友谊» (дӯстии Тоҷикистону Чин) заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар доираи СҲШ ба яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Рушди ҳамкориҳои маорифӣ ва илмӣ байни ду кишвар барои омодасозии мутахассисони рақобатпазир, густариши фазои илмӣ-таълимӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо аҳамияти стратегӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти СҲШ мавқеи фаъол дошта, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф аҳамияти махсус медиҳад. Хусусан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои охир ба сатҳи баланди стратегӣ расидаанд. Ин ҳамкориҳо дар самтҳои таҳсилоти олӣ, омӯзиши забон, табодули фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ба таври назаррас густариш ёфтаанд. Нақши Ҷумҳурии Мардумии Чин дар рушди ҳамкориҳои маорифии СҲШ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Тавассути сиёсати «教育合作» (ҳамкории маорифӣ) ва «文化交流» (табодули фарҳангӣ) Чин барои рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои аъзо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ин раванд ба таҳкими «中塔友谊» (дӯстии Тоҷикистону Чин) ва густариши ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат менамояд. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки СҲШ ҳамчун созмони минтақавӣ дар рушди маориф ва илм нақши муҳими муттаҳидкунанда дорад. Гарчанде ки дар ин самт баъзе мушкилот, аз қабили фарқияти сатҳи рушди маориф, монеаҳои забонӣ ва маҳдудияти молиявӣ вуҷуд доранд, вале имкониятҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушди соҳа хеле васеъ мебошанд.

Лола Давлатова, донишҷӯйи факултети тарҷумонии Забонҳои Шарқ.