ФАЛСАФАИ ХИРАДГАРОИИ СИЁСӢ ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИСБАТ БА ЧИН: ГЕРМЕНЕВТИКАИ ВИҶДОНИ ДАВЛАТСОЗӢ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ТАМАДДУНШИНОСӢ

Дар оғози асри XXI ҷаҳон ба марҳилаи нави тағйироти геосиёсӣ, тамаддуншиносӣ ва маънавӣ ворид гардидааст, ки дар он масъалаи виҷдони сиёсӣ, масъулияти таърихӣ ва фарҳанги муколама ба меҳвари муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Дар чунин шароит давлатҳое метавонанд мақоми устувори худро ҳифз намоянд, ки сиёсати хориҷии онҳо бар пояи хирад, дурандешӣ ва фарҳанги ҳамзистии тамаддунҳо ташаккул ёфта бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол баъди фурӯпошии низоми шуравӣ дар фазои пуртазоди геополитикии ҷаҳон вориди марҳилаи нави давлатсозӣ гардидааст. Дар ин давраи сарнавиштсоз масъалаи ташаккули сиёсати хориҷии миллӣ ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлатдорӣ мубаддал гардид. Маҳз дар ҳамин марҳила шахсияти таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд модели нави дипломатияи тоҷикро бар асоси хирадгароии сиёсӣ, фарҳанги сулҳ ва мувозинати манфиатҳои миллӣ ташаккул медиҳанд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз намунаҳои барҷастаи дипломатияи муосири Шарқ ба ҳисоб мераванд. Ин муносибатҳо таҷассумгари муколамаи тамаддунҳо, эътимоди геостратегӣ ва ҳамгироии нави Авруосиё мебошанд.

Чин имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои асосии қудрати иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон баромад намуда, дар ташаккули низоми бисёрқутбаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозад. Тоҷикистон низ бо мақоми муҳимми геостратегии худ дар Осиёи Марказӣ ба яке аз шарикони муҳимми Чин дар минтақа табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, муносибатҳои Тоҷикистону Чин аҳаммияти бузурги геосиёсӣ, иқтисодӣ ва тамаддуншиносӣ доранд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми марҳилаҳои ташаккули муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамчун меъмори дипломатияи хирадгаро ва ҳомии муколамаи созандаи байналмилалӣ баромад намудаанд. Сиёсаташон дар муносибат бо Чин бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод, таҳаммул ва дарки манфиатҳои стратегӣ бунёд ёфтааст.

Дар ин замина, таҳқиқи фалсафии муносибатҳои Тоҷикистону Чин арзиши маърифат ва тамаддун низ дорад, зеро он имконият медиҳад, ки моҳияти дипломатияи муосири тоҷик ҳамчун шакли нави виҷдони давлатӣ ва фарҳанги сулҳофарини миллӣ ошкор бигардад.

Дар фарҳанги фалсафии Шарқ масъалаи хирад, таҳаммул ва мувозинати ахлоқӣ ҳамеша мақоми муҳим доштааст. Дар таълимоти Конфутсия давлатдорӣ пеш аз ҳама масъулияти ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Абунасри Форобӣ низ ҷомеаи фозиларо бар асоси хирад ва ахлоқ бунёд мекард. Дар осори Ибни Сино давлат низоми ҳифзи адолат ва маънавиёти инсоният мебошад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар замони муосир намунаи барҷастаи чунин дипломатияи хирадгаро мебошанд. Ин муносибатҳо дар меҳвари онҳо эътимоди сиёсӣ, эҳтироми тамаддун, хотираи таърихӣ ва фарҳанги ҳамзистии осоишта қарор дорад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар замони муосир намунаи равшани дипломатияи шахсиятҳо мебошанд. Робитаҳои наздик ва эътимодноки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба яке аз омилҳои асосии таҳкими шарикии стратегии ду давлат табдил ёфтаанд.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин пас аз истиқлоли давлатии Тоҷикистон марҳилаи нави рушдро оғоз намуданд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди муносибатҳои дӯстона бо Чин аҳаммияти махсус зоҳир намуд. Дар натиҷаи сиёсати мутавозин ва хирадмандонаи ӯ миёни ду кишвар заминаҳои устувори ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодӣ ташаккул ёфтанд.

Сафари расмии Пешвои миллат ба Чин ва мулоқотҳои сатҳи олӣ бо роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таҳкими эътимоди сиёсӣ нақши муҳим бозиданд. Маросими истиқболи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин дар соли 2026 бозгӯи сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобили ду давлат гардидааст. Маросими бошукуҳи давлатӣ бо сафороии горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ва шилликпаронии 21 туп ҳамчун рамзи эҳтироми олии давлатӣ баргузор гардид, ки аҳаммияти геосиёсӣ ва дипломатии муносибатҳои Тоҷикистону Чинро инъикос менамояд. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд. Дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, технологӣ, гуманитарӣ ва илмиро фаро мегиранд. Дар миёни ин санадҳо имзои «Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав» ва «Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин» аҳаммияти махсус доранд. Шиори ин аҳднома – «Дӯстӣ – абадан, душманӣ – ҳеҷ гоҳ» – таҷассумгари фалсафаи нави дипломатияи тамаддун ва эътимоди геостратегии ду давлат мебошад.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибат бо Чин ҳамчун самти муҳимми геостратегӣ арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон дар доираи ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» фаъолона иштирок намуда, аз имкониятҳои иқтисодӣ ва инфрасохтории он истифода мебарад.

Пешвои миллат дар суханрониҳои худашон пайваста таъкид менамоянд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин бар асоси дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак рушд меёбанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони асосӣ ва боэътимоди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вусъати минбаъдаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Чин ҳамчун қудрати бузурги иқтисодии ҷаҳон барои Тоҷикистон аҳаммияти калидӣ ва геостратегӣ дорад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар ба сатҳи нави шарикии стратегӣ расидаанд.

Робитаҳои наздик ва эътимодноки сарони ду давлат заминаи ташаккули фазои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ ва геосиёсии Тоҷикистону Чин гардиданд. Ин раванд шакли нави муколамаи тамаддунҳо ва таҷассумгари виҷдони давлатии асри XXI мебошад. Дар ин муносибатҳо манфиатҳои иқтисодӣ бо масъулияти таърихӣ, суботи минтақавӣ ва фарҳанги ҳамзистии осоишта ба ҳам пайваст гардидаанд. Ин муносибатҳо имрӯз масъалаҳои амният, ҳамгироии минтақавӣ, технологияҳои нав ва рушди ҷомеаи рақамиро низ фаро мегиранд.

Дар шароити ташаккули низоми нави бисёрқутбаи ҷаҳонӣ ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» ҳамчун модели нави ҳамгироии иқтисодии Авруосиё аҳаммияти бузург пайдо намудааст. Ин ташаббусро дар асл, «Роҳи абрешими нав» консепсияи нави геотамаддун мебошад, ки тавассути он Чин кӯшиш менамояд фазои нави ҳамгироии иқтисодӣ, технологӣ ва фарҳангиро дар қалби Авруосиё ташаккул бидиҳад.

Тоҷикистон барои Чин танҳо кишвари ҳамсоя нест. Тоҷикистон дар фазои стратегии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, ҳамчун долони муҳими иртиботии миёни Шарқ, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва минтақаҳои ҷанубии Авруосиё аҳаммияти махсус дорад. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ба Чин имкон медиҳад, ки робитаҳои транзитӣ, энергетикии худро дар минтақа густариш бидиҳад.

Аммо аҳаммияти Тоҷикистон барои Чин танҳо бо ҷуғрофия маҳдуд намегардад. Тоҷикистон барои Чин ҳамчун фазои суботи сиёсӣ ва шарики боэътимоди дипломатӣ дар минтақа низ муҳим мебошад. Дар шароите ки ҷаҳони муосир бо буҳронҳои геополитикӣ, рақобати қудратҳо ва бесуботии минтақавӣ рӯбарӯст, муносибатҳои устувори Тоҷикистону Чин намунаи эътимоди стратегӣ ва дипломатияи мутавозин ба ҳисоб мераванд.

Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз ҳалқаҳои муҳимми ҳамгироии Авруосиё табдил ёфта истодааст. Роҳҳои байналмилалӣ, долонҳои нақлиётӣ, гузаргоҳи Қулма ва лоиҳаҳои энергетикии муштарак нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ба қисми муҳимми шабакаи нави иқтисодии минтақа табдил меёбад.

Дар ин замина, ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» воситаи ворид гардидани Тоҷикистон ба фазои нави иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад. Пайвастани ин ташаббус бо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон мекӯшад манфиатҳои миллӣ ва равандҳои глобалии рушдро дар як низоми воҳид ҳамоҳанг месозад.

«Роҳи абрешими нав» кӯшиши эҳёи хотираи таърихии ҳамзистии халқҳо низ мебошад. Агар дар гузашта Роҳи бузурги абрешим воситаи муколамаи фарҳангҳо ва интиқоли донишҳо буд, имрӯз он дар шакли нави геоиқтисодӣ ва технологӣ эҳё мегардад. Аз ҳамин ҷиҳат, ин ташаббус шакли нави муколамаи тамаддунҳо ва бозсозии фазои маънавии Авруосиё ба ҳисоб меравад.

Дар асл, ҷаҳони муосир тадриҷан аз геосиёсати классикии рақобат ба геотамаддуни ҳамгироӣ мегузарад. Дар чунин шароит муносибатҳои Тоҷикистону Чин нишон медиҳанд, ки давлатҳо метавонанд барои ташаккули фазои нави эътимод, субот ва рушди муштарак ҳамкорӣ намоянд. Тоҷикистон дар ин раванд ҳамчун фазои муҳимми иртиботии Шарқ ва Ғарб мақоми махсус касб мекунад. Пайвастани ин ташаббус бо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нишон медиҳад, ки Тоҷикистон сиёсати рушди иқтисодии худро бо равандҳои ҷаҳонии ҳамгироӣ мутобиқ менамояд.

Дар доираи Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Чин», ки 17 июни соли 2025 дар шаҳри Остона баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин масъалаҳои таҳкими шарикии стратегӣ, рушди саноат, ҳамгироии минтақавӣ ва навовариро баррасӣ намуданд. Ин мулоқот ҳамчун падидаи муҳимми геосиёсии минтақа арзёбӣ мегардад, зеро он самтҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ ва технологиро барои ҳар ду давлат муайян сохт.

Яке аз нишонаҳои муҳимми рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин ташаккули фазои устувори эътимоди ҳуқуқӣ ва стратегӣ мебошад. Санадҳо ва созишномаҳои байнидавлатӣ дар асл танҳо таҷассумгари иродаи сиёсӣ ва мантиқи нави ҳамгироии геоиқтисодии Авруосиё ба ҳисоб мераванд. Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ аз 16 сентябри соли 1996, ёддоштҳои тафоҳум оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва созишномаҳои байниидоравӣ оид ба рушди иқтисодӣ заминаи ҳуқуқии густариши ҳамкориҳоро ташкил медиҳанд.

Дар ин раванд Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияти ин сохтор дар асл таҷассумгари дипломатияи хирадгаро ва фарҳанги муосири муколамаи иқтисодӣ мебошад, ки тавассути он давлатҳо мекӯшанд манфиатҳои миллиро дар фазои эътимод ва ҳамкории созанда ҳамоҳанг бисозанд. То имрӯз 13 ҷаласаи комиссия баргузор гардидааст, ки дар онҳо масъалаҳои иқтисодӣ, рушди транзит, густариши савдо, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак баррасӣ шудаанд.

Зеркомиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону вилояти Мухтори Синзян – Уйғури Чин низ ба яке аз механизмҳои муҳимми ҳамкориҳои минтақавӣ табдил ёфтааст. Дар доираи фаъолияти он масъалаҳои рушди долони нақлиётии Душанбе – Қулма, иқтисоди «сабз», тиҷорати электронӣ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.

Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин имрӯз ба марҳилаи нави рушди технологӣ ворид гардидаанд. Агар дар гузашта ҳамкориҳои иқтисодӣ бештар ба масъалаҳои савдо ва гардиши мол маҳдуд мегардиданд, имрӯз онҳо тадриҷан ба фазои нави ҳамгироии рақамӣ, иқтисоди донишбунёд ва ояндашиносии технологӣ ворид мешаванд. Ин раванд нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз доираи дипломатияи анъанавӣ гузашта, ба дипломатияи асри XXI табдил ёфтааст. Дар вохӯриҳои сатҳи олӣ масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли электромобилҳо, панелҳои офтобӣ, саноати дорусозӣ, кимиё ва рушди технологияҳои рақамӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.

Таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чин дар солҳои охир ба марҳилаи нави густариши геоиқтисодӣ ворид гардидаанд. Афзоиши гардиши савдо далели дақиқ гардидани эътимоди стратегӣ ва ҳамгироии иқтисодии ду давлат мебошад. Дар соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ бо Чин 1956 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023 зиёда аз 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ ва апрели соли 2025 гардиши савдои дуҷониба ба зиёда аз 3 миллиард доллар расидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз ҳамгироии иқтисодии ду кишвар шаҳодат медиҳанд.

Чин имрӯз дар иқтисодиёти Тоҷикистон шарики стратегии модернизатсияи иқтисодӣ баромад менамояд. Ҳузури зиёда аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои ду кишвар аз сатҳи робитаҳои тиҷоратии маъмулӣ гузашта, ба шакли нави ҳамгироии геоиқтисодии Авруосиё табдил ёфтаанд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият дошта, ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин беш аз 5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин сармоягузориҳо асосан ба соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва саноати нассоҷӣ равона гардидаанд.

Яке аз намунаҳои барҷастаи ҳамкориҳои саноатии Тоҷикистону Чин Парки саноатии нассоҷии «Зиндаҷӯёи Роҳи абрешими нав» дар ноҳияи Данғара мебошад. Ин лоиҳа рамзи гузариши иқтисоди Тоҷикистон аз шакли ашёи хом ба модели нави саноатикунонии миллӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин гуна лоиҳаҳо фалсафаи рушди саноатии Пешвои миллат ҳамчун сиёсати табдили захира ба иқтидори миллӣ таҷассум меёбад. Ин лоиҳа, ки аз ҷониби Гурӯҳи саноатии Zhongtai амалӣ гардид, тамоми занҷираи истеҳсоли пахтаро аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаро мегирад. Лоиҳа барои ҳазорҳо нафар ҷойи корӣ фароҳам оварда, ба рушди иқтисоди минтақа мусоидат намудааст.

Дар соҳаи энергетика ширкати TBEA яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ бо иштироки ширкатҳои чинӣ танҳо аҳаммияти иқтисодӣ надорад, балки ба масъалаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти миллӣ ва таҳкими виҷдони давлатии Тоҷикистон иртиботи мустақим дорад. Зеро давлате, ки истиқлоли энергетикии худро таҳким мебахшад, дар асл пояҳои соҳибихтиёрии геосиёсии худро низ мустаҳкам менамояд.

Истиқлоли сиёсӣ бидуни истиқлоли иқтисодӣ ва энергетикӣ наметавонад комил бошад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои вобаста аз неруи хориҷӣ аксаран дар масъалаҳои стратегии худ низ ба маҳдудият рӯбарӯ мегарданд. Аз ҳамин ҷиҳат, масъалаи энергетика дар асри XXI аз пояҳои асосии соҳибихтиёрии миллӣ мебошад.

Дар шароити Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ бо мушкилоти норасоии неруи барқ ва вобастагии энергетикӣ рӯбарӯ буд, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ аҳаммияти тақдирсоз пайдо намуд. Сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, неругоҳҳо ва зерсохторҳои нави энергетикӣ тадриҷан ба ташаккули фазои нави истиқлоли иқтисодӣ мусоидат карданд.

Сохтмони хатти баландшиддати «Ҷануб – Шимол» бо иқтидори 500 кВ яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистону Чин мебошад, ки ягонагии энергетикии кишварро таъмин намуд. Ин лоиҳа маънои давлатсозӣ низ дорад. Зеро ваҳдати энергетикӣ дар асл шакли нави ваҳдати иқтисодӣ ва геополитикии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар асл, энергетика имрӯз ба яке аз муҳимтарин омилҳои муайянкунандаи истиқлоли давлатҳо табдил ёфтааст. Давлате, ки низоми мустақили энергетикӣ надорад, дар фазои геосиёсии ҷаҳонӣ осебпазир мемонад. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи энергетика танҳо ҳамкории иқтисодӣ нестанд, балки қисми муҳими стратегияи таҳкими давлатдории миллӣ мебошанд.

Маҳз ҳамин ҷиҳат сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти энергетика ба як модели фалсафии давлатсозӣ табдил медиҳад. Дар ин сиёсат энергетика ҳамчун пояи истиқлоли воқеии миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва амнияти геосиёсӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои энергетикии Тоҷикистону Чинро метавон ҳамчун намунаи ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ дар асри XXI маънидод намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин лоиҳаро «ҳамёдгори дӯстии мардумони Тоҷикистону Чин» арзёбӣ намуда буданд.

Ҳамчунин, ширкатҳои чинии Power China, Sinohydro International Engineering, Huawei ва CNPC дар рушди инфрасохтор, телекоммуникатсия ва истихроҷи захираҳои табиии Тоҷикистон саҳми назаррас доранд.

Сармоягузории Чин дар соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ аҳаммияти бузург дорад. Рушди корхонаҳои истеҳсоли семент ва масолеҳи сохтмонӣ барои Тоҷикистон танҳо масъалаи иқтисодӣ набуда, балки омили муҳимми ташаккули инфрасохтори миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлоли иқтисодӣ мебошад. Давлате, ки зерсохтори худро мустақилона бунёд мекунад, тадриҷан фазои истиқлоли стратегии худро низ таҳким мебахшад. Корхонаҳои муштараки истеҳсоли семент, аз ҷумла «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» имрӯз қисми зиёди истеҳсоли сементи кишварро таъмин менамоянд.

Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷ», «Суғд», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» имрӯз ба фазои нави ҳамгироии иқтисодӣ ва технологӣ мубаддал гардидаанд. Ҳузури сармояи чинӣ дар ин минтақаҳо таҷассумгари модели нави рушди саноатии Тоҷикистон мебошад, ки дар он иқтисоди миллӣ тадриҷан ба низоми муосири истеҳсолоти рақобатпазир пайваст мегардад. Дар ин минтақаҳо корхонаҳои муштараки саноатӣ, истеҳсолӣ ва логистикӣ таъсис дода шудаанд, ки ба рушди саноатикунонии кишвар мусоидат менамоянд.

Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин – Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ-технологӣ нишон медиҳанд, ки муносибатҳои ду кишвар тадриҷан ба марҳилаи нави дипломатияи рақамӣ ворид гардидаанд.

Дар чунин вазъият, сиёсати Тоҷикистон нисбат ба ҳамкориҳои рақамӣ бо Чин хусусияти ояндашиносӣ дорад. Тоҷикистон тавассути ҳамкорӣ бо Чин мекӯшад ба фазои нави иқтисоди рақамӣ, технологияҳои муосир ва ҷомеаи донишбунёд ворид мегардад. Ин раванд масъалаи ташаккули истиқлоли рақамии давлат низ мебошад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи технология метавонанд намунаи истифодаи созандаи зеҳни сунъӣ гарданд, агар онҳо бар пояи эҳтироми манфиатҳои миллӣ, амнияти иттилоотӣ ва рушди инсоният бунёд биёбанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ хусусияти стратегӣ ва ояндашиносӣ дорад.

Дар маҷмуъ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ нишон медиҳанд, ки дипломатияи муосир тадриҷан аз дипломатияи анъанавии сиёсӣ ба дипломатияи геотехнологӣ мегузарад. Дар ин раванд технология ба қисми муҳимми давлатдорӣ, амният ва ташаккули тартиботи нави ҷаҳонӣ мубаддал мегардад.

Имрӯз Тоҷикистону Чин фазои нави маънавӣ ва тамаддуниро бунёд менамоянд. Таъсиси марказҳои Конфутсия, густариши табодули илмӣ, омӯзиши забонҳо, ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, иқлим, технология ва мероси фарҳангӣ нишон медиҳанд, ки муносибатҳои ду кишвар тадриҷан ба модели нави ҳамгироии тамаддун мубаддал мегарданд.

Чунин равандро метавон ҳамчун шакли нави эҳёи Роҳи абрешим арзёбӣ намуд. Агар дар гузашта Роҳи абрешим воситаи интиқоли мол, фарҳанг ва дониш буд, имрӯз он дар шакли нави рақамӣ, технологӣ ва геоиқтисодӣ дубора эҳё мегардад. Дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун пули иртиботии миёни Шарқ ва Осиёи Марказӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Дар асл, геотамаддун кӯшиши гузариш аз мантиқи рақобати харобиовар ба мантиқи ҳамзистии созанда мебошад. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин нишон медиҳанд, ки давлатҳо метавонанд дар асоси эҳтироми фарҳангӣ, эътимоди сиёсӣ ва манфиатҳои муштарак фазои нави ҳамгироии тамаддуниро ташаккул диҳанд.

Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз муҳимтарин сохторҳои минтақавӣ дар замони муосир мебошад, ки Тоҷикистон ва Чин дар он ҳамчун шарикони фаъол иштирок мекунанд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай намунаи дипломатияи бисёрсамта ва ҳамгироии минтақавӣ ба ҳисоб мераванд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин танҳо бо ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ маҳдуд намешаванд. Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ дар муносибатҳои ду кишвар мақомии муҳим доранд.

Тавассути мубодилаи донишҷӯён, ҳамкориҳои илмӣ, омӯзиши забон ва фарҳанг, миёни халқҳои Тоҷикистону Чин заминаҳои нави ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омадаанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муколамаи тамаддунҳоро яке аз роҳҳои муҳими таъмини сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷаҳон арзёбӣ менамояд. Ин андеша дар муносибатҳои Тоҷикистону Чин низ равшан мушоҳида мегардад.

Муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ба таҳкими дӯстии халқҳо ва рушди дипломатияи мардумӣ мусоидат менамоянд. Дар ин замина, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин аҳаммияти бузурги маънавӣ дошт. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии мардумони Тоҷикистону Чин ҳанӯз аз замони «Роҳи бузурги абрешим» идома доранд. Ба гуфтаи Пешвои миллат, нигораҳои хаттии қадимаи суғдӣ, ки соли 1907 дар яке аз манораҳои Девори бузурги Чин кашф гардида буданд ва бо номи «Номаҳои куҳна» маъруфанд, далели таърихии робитаҳои амиқи фарҳангии ду миллат мебошанд.

Чунин муроҷиат ба хотираи таърихӣ дар ҷаҳони муосир таърих тадриҷан ба яке аз унсурҳои муҳимми дипломатӣ ва геосиёсат табдил ёфтааст. Давлатҳо имрӯз тавассути таърих заминаҳои маънавии муносибатҳои байналмилалии худро низ ташаккул медиҳанд.

Дар асл, хотираи таърихӣ имрӯз ба воситаи муҳимми геосиёсат мубаддал гардидааст. Давлатҳое, ки тавони тафсири маънавии гузаштаи худро доранд, метавонанд дар фазои байналмилалӣ эътимоди бештар ба вуҷуд оваранд. Аз ҳамин ҷиҳат, муроҷиати Тоҷикистону Чин ба мероси Роҳи абрешим танҳо ёдоварии таърих нест, балки кӯшиши бунёди фазои нави эътимоди тамаддунӣ мебошад.

Агар дар геосиёсати классикӣ давлатҳо бештар тавассути неру ва рақобат нуфузи худро густариш медоданд, имрӯз онҳо тавассути фарҳанг, таърих ва хотираи муштарак низ фазои таъсиргузорӣ месозанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки ҷаҳони муосир тадриҷан аз геосиёсати сахт ба геомаърифат ва геотамаддуни муколамавӣ мегузарад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин намунаи равшани чунин раванд мебошанд. Таъкид ба Роҳи бузурги абрешим, мероси суғдиён, робитаҳои таърихии фарҳангӣ ва ҳамзистии тамаддунҳо нишон медиҳад, ки ҳар ду давлат мекӯшанд муносибатҳои имрӯзаро бар пояи эътимоди таърихӣ ва хотираи муштарак устувор созанд.

Бо қарори Шурои илмии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрӣ бозгӯи эътирофи байналмилалии саҳми Пешвои миллат дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чин мебошад. Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар асоси усули «дарҳои кушода» ва дипломатияи сулҳомезу созанда пеш мебарад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат аҳаммияти илму маориф ва рушди нерӯи инсонӣ, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъиро махсус таъкид намуда, иброз доштанд, ки имрӯз ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Ба андешаи Сарвари давлат, густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули илмӣ ва рушди марказҳои Конфутсиионӣ дар Тоҷикистон барои таҳкими дӯстии дарозмуддати ду миллат аҳаммияти бузург дорад.

Дар шароити ташаккули низоми бисёрқутбаи ҷаҳонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Чин аҳаммияти нави геополитикӣ пайдо намудаанд. Чин имрӯз ҳамчун яке аз қудратҳои асосии иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон баромад мекунад.

Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари муҳимми Осиёи Марказӣ дар сиёсати минтақавии Чин мақоми махсус дорад. Муносибатҳои устувори Тоҷикистону Чин метавонанд ба таҳкими суботи минтақа ва рушди ҳамгироии иқтисодӣ мусоидат менамоянд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии худ тавонистанд миёни манфиатҳои миллӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ тавозуни дурустро нигоҳ дорад. Ин раванд нишонаи хирадгароии сиёсӣ ва дипломатияи мутавозини Тоҷикистон мебошад.

Таҳлили муносибатҳои Тоҷикистону Чин нишон медиҳад, ки дар замони муосир тадриҷан модели нави муносибатҳои байналмилалӣ ташаккул меёбад, ки онро метавон дипломатияи геотамаддунии тоҷик номид. Ин консепсия дар заминаи таҷрибаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хирадгароии стратегии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, кӯшиш менамояд миёни манфиатҳои миллӣ, арзишҳои маънавӣ ва равандҳои ҷаҳонии рушд тавозуни устувор ба вуҷуд оварад.

Дар ҳамин замина, истиқлоли энергетикӣ ва рақамӣ ҳамчун пояҳои нави соҳибихтиёрии миллӣ арзёбӣ мегарданд. Агар дар гузашта истиқлол бештар бо марз ва сохтори сиёсӣ муайян мешуд, имрӯз давлатдорӣ бидуни истиқлоли энергетикӣ, технологӣ ва иттилоотӣ наметавонад устувор боқӣ монад.

Аз ҳамин ҷиҳат, муносибатҳои Тоҷикистону Чинро метавон ҳамчун модели нави ҳамгироии геотамаддунии асри XXI арзёбӣ намуд. Дар ин модел иқтисод, технология, таърих, фарҳанг ва дипломатия ба унсурҳои як низоми воҳиди стратегӣ мубаддал мегарданд.

Комилов Далер Рустамович, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ.