Факултети равияи омӯзгории забони англисӣ

Факултети равияи омӯзгории забони англисӣ

Факултети равияи омӯзгории забони англисӣ дар пояи факултети забони англисӣ  (қаблан факултети забонҳои романию германӣ, факултети забонҳои хориҷӣ) таъсис ёфтааст. Ихтисосҳои нахустинии факултет забон ва адабиёти рус бо иловаи забони англисӣ ва забон ва адабиёти рус бо иловаи забони олмонӣ ба шумор мераванд, ки соли 1992 таъсис дода шуданд. Соли 1993 ихисоси забони англисӣ (тарҷумон) таъсис дода шуд. Аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ ва тарҷумонии забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ донишҷӯён то соли 2019 таҳсил мекарданд.

Тадриси фанҳои таълимӣ аз ҷониби устодони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ ва дорои сертификатҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.  Баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ-фарҳангӣ, ташкили клубҳо ва маҳфилҳо бо забони англисӣ ҳаёти донишҷӯёнро рангоранг менамояд.

Ҳайати кадрии садорати факултети равияи омӯзгории забони англисӣ:

  • Декани факултет
  • Сармушовири факултет
  • Мушовири факултет
  • Коргузори факултет.

Ҳайати умумии профессорону омӯзгорон:

  • дотсент, номзад 3 нафар
  • номзад, муаллими калон 1 нафар
  • муаллими калон 17 нафар
  • ассистент 15 нафар

Ҳамкорони дохила

  • дотсент, номзад 15 нафар
  • муаллими калон 10 нафар
  • ассистент 22 нафар

Ҳамкорони беруна

  • дотсент, номзад 1 нафар
  • ассистент 2 нафар

Дар факултети равияи омӯзгории  забони англисӣ 36 нафар омӯзгорони доимӣ, аз он ҷумла 2 дотсент ва 3 номзади илм, фаъолият мекунанд.

Мусоямзода Зубайдулло Муминшо

Вазифа: Декани факултет;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Омӯзгори забони англисӣ;

Рӯзизода Азиз Додоҷон

Вазифа: Сармушовири академии факултет;
Дараҷаи илмӣ: Доктор аз рӯи ихтисос (PhD);
Тахассус: Омӯзгори забони англисӣ;

Чалишова Парвина Давлаталиевна

Вазифа: Мушовири академӣ;
Дараҷаи илмӣ: Магистр;
Тахассус: Омӯзгори забони англисӣ;

Дар назди факултети равияи омӯзгории забони англисӣ айни замон ду кафедра амал менамояд.

Кафедраи филологияи англис

Кафедраи методикаи таълими забони англисӣ

Ихтисосҳо дар факултет:

  1. Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони англисӣ
  2. Таҳсилоти томактабӣ. Забони англисӣ
  3. Забони хориҷӣ (забони англисӣ)
  4. Забони англисӣ. Технология (Хизматрасонӣ)

Факултети равияи омӯзгории забони англисӣ барои довталабон донишҷӯёну магистрантон ва доктор PhD (аз рӯйи ихтисос) омӯзиши забони англисиро аз рӯйи равияи омӯзгорӣ дар амал татбиқ менамояд. Ҳамин тавр, ҷиҳати омода кардани мутахассисони касбии ихтисоси забони англисӣ дар самти омӯзгорӣ нақша ва барномаҳои давлатиро иҷро менамояд.