МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ» ДАР НОҲИЯИ СИНО

24 ноябри соли 2026 дар толори Литсейи Умари Хайём даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар ноҳияи Сино ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, тарбияи эҳсоси муҳаббату садоқат ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва дастовардҳои он, инчунин дарёфти истеъдодҳои нави адаб ва фарҳанг баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар озмуни мазкур омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи СотимУлуғзода фаъолона ширкат карда, сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд:

Манонова Муслима, омӯзгори кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ, аз номинатсияи “Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”, сазовори ҷойи дуюм;

Гулов Исматулло, роҳбари бахши фарҳанги Донишгоҳ, аз номинатсияи “Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”, сазовори ҷойи сеюм;

Абдуллоев Кароматулло, омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ аз рӯйи номинатсияи “Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.