ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ИФТИХОР, САРБАЛАНДӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолии давлат, Ваҳдати миллӣ, озодӣ ва сарбаландии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги қадима ва ормонҳои неки миллати тоҷик буда, дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор менамояд.

Ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин сана барои ҳар як фарди ватандӯст рӯзи ифтихор ва эҳтиром ба яке аз муқаддасоти асосии давлатдорӣ мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Он аз се рахи уфуқӣ — сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир шудаанд.

Ҳар як ранги Парчами миллӣ маънои амиқ дорад. Ранги сурх рамзи мубориза, ҷасорат ва шуҷоат, ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва нияти нек, ранги сабз бошад, рамзи табиати зебо, сарсабзӣ, ободӣ ва шукуфоии Ватан мебошад. Тоҷ рамзи давлатдории тоҷикон ва ҳафт ситора нишонаи саодат, бахту иқбол ва камолоти маънавӣ мебошанд.

Парчами миллӣ танҳо як рамзи давлатӣ нест, балки оинаи ҳастии миллат, нишонаи ягонагӣ ва пайванди наслҳо мебошад. Ҳар боре ки Парчами Тоҷикистон дар фазои озоди Ватан парафшон мегардад, дар қалби мо эҳсоси муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ, эҳтиром ба таърих ва масъулият дар назди ояндаи кишвар бештар мегардад.

Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки дар қалби насли наврас ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро тарбия намоем. Зеро насли худогоҳу ватандӯст метавонад ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизро таъмин созад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу субот парафшон бошад, Тоҷикистони маҳбуби мо ободу сарсабз ва мардуми шарафмандаш сарбаланду хушбахт бошанд!

Парчами мо — ифтихори мо, ҳастии мо ва рамзи Ваҳдати ҷовидонаи мост!

Гадозода Шоҳрух, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ