ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи ҳар як миллат аз рӯйдодҳои муҳиме иборат аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти ҷомеа роҳи минбаъдаи инкишофи давлат ва самтҳои асосии рушди онро муайян менамоянд. Барои халқи тоҷик яке аз чунин рӯйдодҳои тақдирсоз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ин иҷлосия дар даврае доир шуд, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, асосҳои давлатдорӣ ва ягонагии миллӣ зери хатари ҷиддӣ қарор доштанд.

Истиқлолияти давлатӣ, ки барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ маҳсуб меёфт, дар марҳилаи аввали ташаккули худ ба мушкилоти сангин дучор гардид. Низоъҳои дохилӣ, нооромии сиёсӣ, суст гардидани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва вазъи мураккаби иҷтимоӣ ҷомеаро ба буҳрони амиқ оварда расонида буданд. Дар чунин шароит масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, нигоҳ доштани тамомияти арзии кишвар, барқарор намудани сохтори ҳокимияти давлатӣ ва пешгирии парокандагии миллат ба вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеа табдил ёфта буд.

Маҳз дар чунин вазъияти ҳассос зарурати баргузории иҷлосияи Шурои Олӣ ба миён омад. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфта, дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аҳаммияти ин иҷлосия пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он барои барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон заминаи муҳим фароҳам овард.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин ва сарнавиштсози иҷлосияи мазкур 19 ноябри соли 1992 интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин интихоб дар шароите сурат гирифт, ки мамлакат ба роҳбарияти масъулиятшинос ва барномаи мушаххаси баромадан аз буҳрони сиёсӣ ниёз дошт. Бо ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ вазифаи ниҳоят мураккабро гузошт: ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сохтори ҳокимияти давлатӣ, қатъи хунрезӣ, муттаҳид сохтани мардуми парешонгашта ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи шаҳрвандон.

Дар нахустин суханрониҳои худ ба ҳайси роҳбари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон зарурати таъмини сулҳу субот ва баргардонидани гурезаҳо ба Ватанро ҳамчун ҳадафи муҳимми фаъолияти худ таъкид намуданд. Ин мавқеи сиёсӣ дар шароите эълон гардид, ки ҷомеа ба ноумедӣ ва нобоварӣ рӯ ба рӯ буд. Аз ҷумла, таъкиди ӯ дар бораи омодагӣ барои расидан ба сулҳи пойдор ва бозгардонидани фирориён ба Ватан мазмун ва самти асосии сиёсати минбаъдаи роҳбарияти давлатро инъикос мекард. Маҳз аз ҳамин марҳила масъалаи ҳифзи давлатдорӣ ва расидан ба ризояти миллӣ ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо талошҳои пайгиронаашон барои барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ алоқаманд мебошад. Дар шароите, ки ҷомеа ба гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва минтақаҳо тақсим шуда буд, зарурати ташаккули фазои нави ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи сиёсӣ ба миён омада буд. Роҳбарияти давлат роҳи ҳалли низоъро дар музокирот, гузаштҳои мутақобила ва расидан ба мувофиқаи умумимиллӣ ҷустуҷӯ менамуд.

Албатта, раванди сулҳ кори осон набуд. Он солҳои тӯлонӣ идома ёфта, талошҳои зиёди сиёсӣ, дипломатӣ ва ташкилии тарафҳои даргирро талаб мекард. Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ҳамчун яке аз иштирокчиёни асосии раванди музокироти сулҳи тоҷикон фаъолият намуда, барои расидан ба созиш ва барқарор намудани эътимод миёни ҷонибҳо кӯшишҳои пайгирона анҷом доданд. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, бо иштироки намояндагони ҷонибҳои тоҷик ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдод марҳилаи муҳимми таърихи навини давлатдории тоҷикон буда, барои анҷоми муқовимати мусаллаҳона ва оғози давраи нави рушди мамлакат замина гузошт.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти роҳбарияти давлат дар ин давра фароҳам овардани шароити зарурӣ барои бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан буд. Ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон оиларо аз манзили зисти худ маҳрум намуда, зиндагии миллионҳо шаҳрвандро таҳти таъсир қарор дода буд. Бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ барои бозгашти гурезаҳо, барқарор намудани манзилҳо ва ба зиндагии муқаррарӣ баргардонидани мардум амалӣ гардиданд. Ин раванд яке аз ҷузъҳои муҳимми барқарорсозии ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар баробари масъалаҳои сиёсӣ, Иҷлосияи XVI дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ низ нақши назаррас гузошт. Дар он давра зарурати такмили қонунгузории миллӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муайян намудани асосҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ аҳаммияти махсус пайдо карда буд.

Қабули санадҳои марбут ба рамзҳои давлатӣ низ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими ин иҷлосия ба ҳисоб меравад. Тасдиқи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити душвори сиёсӣ аҳаммияти бузурги маънавию сиёсӣ дошт. Рамзҳои давлатӣ ҳамчун таҷассумгари соҳибихтиёрии кишвар, таърихи пурғановати миллат, худшиносии миллӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол намуданд.

Бо ташаббус ва роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон масъалаи барқарор намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва таҳкими асосҳои истиқлолияти мамлакат ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат табдил ёфт. Дар солҳои минбаъда барои таъсиси Артиши миллӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ, барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рушди низоми идоракунии давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ин иқдомҳо барои таъмини амнияти кишвар, ҳифзи тамомияти арзӣ ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории миллӣ аҳаммияти муҳим доштанд.

Пас аз истиқрори сулҳ дар назди роҳбарияти давлат вазифаи бузурги барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва эҳёи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қарор гирифт. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бунёди иншооти муҳим, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат ва нақлиёт барои пешрафти минбаъдаи кишвар шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Сиёсати созандагӣ ва бунёдкорӣ тадриҷан ба самти муҳимми фаъолияти давлат табдил ёфта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат намуд.

Бояд таъкид намуд, ки нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон танҳо бо фаъолияти сиёсии солҳои аввали истиқлолият маҳдуд намегардад. Раванди таҳкими сохторҳои давлатӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ дар давраҳои минбаъда низ идома ёфт. Таҷрибаи таърихии ин марҳила нишон медиҳад, ки пойдории давлатдории миллӣ аз фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатӣ, суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмии ҷомеа ва масъулияти шаҳрвандон вобастагии зич дорад.

Имрӯз омӯзиш ва таҳлили воқеаҳои таърихии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, махсусан Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши роҳбарияти давлат дар раванди барқарорсозии сулҳу субот, барои насли ҷавон аҳаммияти махсус дорад. Ҷавонон бояд донанд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити осон ба даст наомадаанд. Онҳо натиҷаи талошҳо, муборизаҳо, музокирот ва заҳматҳои зиёди фарзандони миллат мебошанд. Аз ин рӯ, ҳифзи ин арзишҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи кишвар вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун марҳилаи муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ин иҷлосия барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пешгирии парокандагии миллат, барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳокимият ва ташаккули заминаҳои сулҳу ризояти миллӣ мусоидат намуд. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави роҳбарии сиёсӣ дар таърихи мамлакат гардид. Талошҳои минбаъдаи ӯ ва иштироки ҷонибҳои мухталиф дар раванди музокироти сулҳ барои расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ замина гузоштанд.

Мо бояд аз ин таҷрибаи таърихӣ сабақ гирифта, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллиро ҳамчун дастовардҳои муҳимми ҷомеа ҳифз намоем. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз худшиносии миллӣ, донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳми созандаи ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста мебошад.

Ашурова Таҳмина, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус.