БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар таърихи нави Тоҷикистон марҳалае вуҷуд дошт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҳастии миллат ва якпорчагии кишварро зери хатари нобудӣ гузошта буд. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос – ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ҷасурона ба зимма гирифтанд. Роҳбари кишвар дар назди парчами ватан савганд ёд карданд, ки ба кишвар сулҳ меорад ва то вақте ки охирин гуреза ба ватан барнагардад, ором нахоҳад буд. Пешвои миллат ба ин аҳди худ содиқ монда, бо талошҳои шабонарӯзӣ заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва нахустин Конститутсияи халқиро пойдевор гузоштанд.

Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум, таҳти таъсири доираҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ, омилҳои манфие ба вуҷуд омаданд, ки зеҳни ҷомеаро заҳролуд карда, кишварро ба гирдоби ҷанги бародаркуш кашиданд. Ин ҷанг, ки натиҷаи нобаробарии иқтисодӣ ва омезиши маҳалгароиву мансабхоҳӣ буд, ба кишвар зарари азим расонида, ҳаёти даҳҳо ҳазор ҳамватанони моро рабуд.

Тавре ки мо мардуми азияткашидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёд дорем, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Майдоннишиниҳои дар мамлакат бавуҷудомада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро доштанд ва оқибат он ба фоҷиаи миллӣ овард. Албатта, ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд.

Табиати сулҳҷӯ ва хирадмандонаи халқи тоҷик мусоидат намуд, ки ҷонибҳо ба хотири манфиатҳои умумимиллӣ ба созиш биёянд. Овардани гурӯҳҳои мухолиф ба сари мизи гуфтушунид кори осон набуд, вале Президенти мамлакат ин вазифаи таърихиро бо муваффақият иҷро кард. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардиши куллие дар ҳаёти мо шуд ва умеди зиндагиро дар дили ҳазорон муҳоҷирон эҳё сохт. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи нодир дар таърихи сиёсати ҷаҳонӣ омӯхта мешавад.

Ваҳдати миллӣ арзишест, ки новобаста аз мансубияти диниву миллӣ, тамоми сокинони Тоҷикистонро зери як чатр муттаҳид мекунад. Мафҳуми “миллат” дар ин ҷо тамоми шаҳрвандони кишварро дар бар мегирад, ки хоҳони фазои орому осуда ва дӯстии байниҳамдигарӣ ҳастанд. Пешвои миллат ваҳдатро ба дарахте ташбеҳ кардаанд, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад ва вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳифзи решаҳои ин дарахти муқаддас аст.

Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки “Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам”. Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ доданд.

Истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон, махсусан бо кӯшишҳои шабонарӯзии Президенти кишварамон ба мо муяссар гардид. Моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Ҳамбастагии миллат, яъне Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонда, боровар гардидааст. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз зарарҳои ифротгароӣ ва маҳалгароӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа маҳсуб мешавад.

Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол то сол қавитар мегарданд. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд.

Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидаем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.

Ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва дур нигоҳ доштани ҷомеа, махсусан ҷавонон, аз хатарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ ва иғвопарастӣ вазифаи муқаддаси ҳар як ватандор аст. Мо бо ифтихор метавонем гӯем, ки пояҳои сулҳи ин сарзамин бо заҳматҳои фарзанди бузурги миллат устувор гашта, як сарзамини орому осишта насибамон гаштааст. Содиқ будан ба Ватан – ин худ нишона аз қадрдонии заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Холиқзода Холмаҳмад, номзадиилмҳои психологӣ, муаллими калони кафедраи психологияи факултети муносибатҳои байналмилалӣ.