Ҳануз сию чаҳор сол муқаддам, аз таърихи 19-уми ноябри соли 1992 дар рафти Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри ҳамон сол дар пойтахти давлат не, балки дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар «Қасри Арбоб» баргузор гардид, Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди фарзона ва ҷонисори миллат бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ дар назди миллат, Ватан ва таърих зимоми идораи кишварро, ки он гоҳ бидуни муҳобот дар вартаи ҳалокат ва нобудӣ қарор дошт, ба даст гирифт.
Пиромуни ин Иҷлосия ва аҳаммияти таърихии он дар таърихи давлатдории милии тоҷикон даҳҳо китобу рисолаҳо ва мақолаҳои бешумори илмӣ навишта шудаанд ва табиист, ки дар доираи як гуфтор наметавон тамоми он кутубу мақолоти илмӣ ва гузоришу баромадҳоро дар ин бора таҳлилу арзёбӣ кард ва дар ин замина, нақши таърихии Пешвои миллатро ҳамчун лидери сиёсӣ дар ифои масъулияти сангинаш бозгӯ намуд. Дар ин гуфтор низ ба қадри имкон ва тавони хеш кушиш рафта, то дар ин бора ба таври иҷмолӣ равшанӣ андозем:
Якум, худи масъалаи ба миён гузоштани Иҷлосия ва даъват намудани он дар шаҳри Хуҷанд дар он шароити душвору мураккаби таърихӣ, ки кишвар ба маънии воқеии калима дар коми оташи бедоди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт, бесарусомонӣ, гуруснагию бенавоӣ, дуздию ғоратгарӣ, қатлу куштод ва яъсу ноумедӣ дар Ватан бедод мекард, худ аҳаммияти бузурги таърихӣ дошт.
Тавре маълум аст, бо фурӯрезии давлати шуравӣ, Ҷумҳурии Тољикистон дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Бояд гуфт, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон арзишмандтарин дастовард маҳсуб меёбод. Зеро истиқлолу озодӣ орзӯи беш аз ҳазорсолаи миллати ҷафокашидаи тоҷик буд. Таърих гувоҳ аст, ки баъд аз суқути нахустин давлати миллии тоҷикон – давлати Сомониён, тоҷикон беш аз ҳазор сол аз ҳукумати миллии худ маҳрум гардида, ба зери зулму ситами ҳокимони ситампешаи турку муғул уфтода, бо сахтарин шева мавриди шиканҷаву озор қарор мегирифтанд. Ҳаким Фирдавсиро ба хотири тоҷик буданаш шоҳи ғуломзодаи турк султон Маҳмуд фармон дод, то ба зери пойӣ фил партоянд; Устод Айниро ба хотири тоҷик буданаш ва даъвои тоҷикияташ (ба хотири навиштани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик») чӣ қадар фишор оварданд, таъқиб карданд ва ҳатто ба маҳбаси хонагӣ кашиданд, ки агар устод Лоҳутӣ набуд, ҳамчун «хоини миллат» паронда мешуд; Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Абдуқодир Муҳиддинов ва садҳо тан аз фарзандони бедордили тоҷикро, ба хотири тоҷик буданашон (ба хотири биниш ва куниши тоҷикияташон) ва ба хотири давъои истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангӣ доштан, паронданд.
Ҳамин надоштани ҳукумати миллӣ буд, ки душманони миллати тоҷик дар солҳои бистуми қарни бист, тоҷиконро ҳамчун қавм, халқияту миллат инкор карданд, ки гӯё мо дар асл туркем (туркони забонгумкарда) ва дар зери таъсири забони форсӣ (ки солиёни сол дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд забони илму таълим буд) забони модарии худро, яъне забони туркиро гум кардаем ва ба забони бегона (форсӣ-тоҷикӣ) ҳарф мезанем ва боястӣ, ки ба асли худ баргардем, яъне турк кунонида шавем.
Дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ низ мустақилияти тоҷикон чандон ба назар намерасид. Аз ин рӯ, тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт». Аммо таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки тоҷикон дар ибтидо ба қадри ин неъмати бебаҳо (Истиқлол) нарасиданд. Дар натиҷаи муборизаҳои аҳзоби навзуҳури сиёсӣ баҳри курсӣ, мансабу мансабталошӣ ва муборизаҳо баҳри тағйири сохти конститутсионӣ, «Тоҷикистон ҳамчун рамзи ноустуворӣ ва «нуқтаи сӯзон» дар қаламрави собиқ шуравӣ ба ҳисоб мерафт». Тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардида буданд. Ба маънии томи калима, давлат танҳо рӯйи қоғаз монда буду бас. Қатлу гаравгонгирии ходимони давлатӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ ба як кори маъмулӣ табдил ёфта буд. Ба таври ваҳшиёна қатли Прокурори генералии мамлакат Нурулло Ҳувайдуллоев аз ҷониби афроди мусаллаҳи мухолиф (24 августи соли 1992), қатли муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Сайфиддин Саногов аз тарафи мухолифин (31 августи ҳамон сол), аз тарафи мухолифин гаравгон гирифта шудани муовини Сарвазир Ҷамшед Каримов ва мушовири давлатии Президенти мамлакат Рашид Олимов (31 август) далели ин гуфтаҳост.
«Дар пойтахт ҳокимияти давлатӣ ба маънои воқеияш дигар вуҷуд надошт». Аз ин истифода бурда, душманони дохилӣ ва хориҷӣ дар фикри пора-пора кардани Тоҷикистон буданд. «Овозаҳои ташкили Ҷумҳурии мустақили Бадахшон, кӯшиши танзими Қонуни асосии Ҷумҳурии Бадахшон, бастани роҳҳо ва таркондани пулҳо дар самти шимоли кишвар бо супориши Раиси вақти вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Абдуҷалил Ҳомидов дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Анзоб, Эълони Ҷумҳурии Исломии Ғарм ва дигар гувоҳ бар он мебошанд». Ва дар идома, муаллифони китоби «Асосгузори давлати навини тоҷикон» бо истинод аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ (26 июни соли 2004) аз мавҷуд будани нақшаи ба се ҳисса тақсим кардани Тоҷикистон ёдовар мешаванд: «1 Ҷумҳурии Бадахшон; 2) Ба ном минтақаи озоди Хуҷанд; 3) Қисми ҷануби Тоҷикистон». Аз ин рӯ, дар чунин вазъияти душвору мураккаби сиёсӣ, ки ба маънии воқеии калима сарнавишти тоҷикон рақам мехурд ва мавҷудияти тоҷикон (сокинони аслии Хуросону Варазрӯд) ҳамчун мӯе дар рӯи шамшерро мемонд, даъват намудани Иҷлосияи Шурои Олӣ кори осон набуд.
Дуюм, бешак бузургтарин аҳаммияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон, ин аз тарафи вакилони Шурои Олӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таърих бо гузашти 34 сол собит сохт, ки вакилон дар интихоби хеш иштибоҳ накарда, балки бисёр интихоби саривақтӣ ва дуруст будааст. Дар он солҳо интихоби роҳбари кордону дурандеше, ки тавонад кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад, кори саҳлу содае набуд. Месазад хотирасон кард, ки танҳо дар соли аввали ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар то 60 ҳазор одам кушта шуда буд. Бештари қурбоншудагон – тақрибан 50 қазор ба моҳи май – декабри соли 1992 рост меояд.
Мувофиқи маълумоти комиссарияти олии СММ оид ба кори гурезагон – 600 ҳазор, яъне даҳяки аҳоли маҷбур шуд, ки ҷойҳои истиқоматии худро тарк кунад (тибқи баъзе маълумотҳо ин рақам ба беш аз як миллион нафар мерасид. 80 ҳазор кас маҷбур шуданд, ки ҷилои Ватан карда, дар хоки бегона, хусусан дар Афғонистон паноҳ ёбанд, ки вазъи буду боши онҳо дар он сӯи марз бениҳоят вазнин буд. Гузашта аз ин, ҳангоми убур аз дарёи хуношоми Панҷ чи қадар занону кӯдакон ва пирону ҷавонони тоҷик ҷони азизи худро аз даст доданд. Ҷанг ба иқтисодиёти кишвар даҳ млрд. долар (ба пули имрӯза ҳафтод млрд. долар) хисорот ворид намуд. Зиёда аз 150 ҳазор мардумони бегуноҳи тоҷик кушта шуданд, зиёда аз 55 ҳазор кӯдак ятим монданд, 25 ҳазор зан-модар бева монд, ҳазорон манзили истиқоматӣ бар асари ҷанг хароб гардид. Садҳо мутахассисон ва олимону донишмандони ватанию хориҷӣ кушта шуданд ва ба ҳамин миқтор Тоҷикистонро тарк карданд. Дар ҷумҳурӣ дуздиву ғоратгарӣ, қатлу куштор, гуруснагиву бенавоӣ ҳукмрон буд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолибу мағлуб надоранд. Ҳама ҷабрдида мебошанд. Дар ин ҷанг талафоти асосиро халқи тоҷик ба дўш гирифта буд. Ба гунае воқеаҳои солҳои 90-уми қарни XX як маъракаи тоҷиккушӣ буд. Бо таҳлил ва пешниҳоди мутахассисон, сиёсатмадорон агар рафти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон идома меёфт, ин кишвар аз харитаи сиёсии ҷаҳон аз байн мерафт. Дар чунин вазъияти мураккаби таърихӣ 19-уми ноябри соли 1992 дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Шурои Олӣ аз 197 депутат 186 намояндаи халқ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Дар он шароити тақдирсоз интихоби вакили халқӣ – Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат аҳаммияти бузурги таърихӣ дошт. Бисёре аз сиёсатмадорон ва коршиносон, ки дар он солҳои талху шум ва андуҳу ғам вазъияти ошуфтаи Тоҷикистони ғарқа дар хоку хунро бо чашми худ дида буданд, бар он буданд, ки дар ин вазъияти ба амал омада пайдо шудани роҳбари лаёқатманди дурандеши сулҳпарвари раиятдӯст, ки тавонад оташи низои миллиро хомуш карда, кишварро аз оғуши ҷанги хонумонсузи таҳмилии шаҳрвандӣ барорад ва якпорчагии Ватанро ҳифз намояд, аз эҳтимол дур аст.
Хушбахтона, барои миллати ҷафокашидаи тоҷик, ба майдони сиёсӣ шахси хирадманду кордон, мардумгарою озодманиш, бахшандаю ҷавонмард, ростманишу дурусткирдор, закӣ ва озодаву фарзона Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад. Агарчи бино бар нақли худи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «баъзе сиёсатмадорону сиёсатшиносон ҳатто гуфта буданд, ки умри ин Ҳукумат зери сарварии раиси ҷавони Шурои Олӣ (ки дар он вақт ҳамагӣ 40 сол дошт – Ҳ.А.) аз ду ҳафта зиёд нахоҳад буд». Хушбахтона, раҳми Парвардигор омад ва ин андешаи аҳриманӣ амалӣ нашуд. Воқеияти таърих ин аст, ки маҳз Пешвои миллат бо сиёсати муддабиронаву хирадмандонаи хеш тавонист низои байни тоҷиконро, ки ҳамчун доғе рӯйи гардан аст, хомуш созад ва дар натиҷа, миллатро аз вартаи парокандагӣ ва давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.
Сеюм, дар Иҷлосияи 16-ум Шурои Олӣ зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси ҳокимияти давлатӣ гузошта шуд. Ин муҳимтарин вазифае буд, ки дар он шабу рӯз дар назди роҳбари ҷавон меистод, то ин ки ҳар чи зудтар бо ин роҳ тавонад халқро аз ин балову балвои заминӣ халос созад. Ба гуфти А. Холиқзода: «… идораи давлатро бунёд кардан лозим буд, то ин ки низоми идориро аз ҷанги ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида, мардумро ба ваҳдат ва яндигарфаҳмӣ расонад».
Аз панҷ гурӯҳ асноди меъёрии ҳуқуқие, ки бо суфориш ва таҳти раҳбарӣ ва назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон Шурои Олӣ қабул кард, ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, гурӯҳи сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги бунёнкани таҳмилии шаҳрвандӣ, гурӯҳи чаҳорум барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд. Ҳамин тавр, ӯ дар ҷойи хушку холӣ ва низоми фалаҷёфтаи мақомоти давлатӣ мақомоти нави давлатӣ ё ба дигар сухан, низоми нави давлатдории миллии тоҷиконро, ки бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, таъсис дод. Ин кори саҳлу осон набуд.
Чаҳорум, аҳаммияти дигари Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дар ин аст, ки он маҳз ба масъалаи ваҳдати миллӣ овардани тоҷикон ихтисос ёфта буд. Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки агар гавҳари мақсуд, яъне ваҳдату ҳамдилӣ ба даст намеомад, ҳоло дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо исми Тоҷикистоне мавҷуд набуд.
Аслониён Ҳошимҷон, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ