Аҳамияти Конститутсия барои насли ҷавон

Яке рӯйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун марҳилаи асосии ташаккули низоми ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Конститутсия барои насли ҷавон танҳо як санади ҳуқуқӣ нест, балки сарчашмаи асосии донистани ҳуқуқу озодиҳо, вазифаҳои шаҳрвандӣ, муносибат ба давлат, ҷомеа ва арзишҳои миллӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва шинос намудани онҳо бо меъёрҳои асосии Конститутсия мебошад.

Муҳимтарин ҷанбаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани мақоми инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Дар моддаи 5-уми Конститутсия чунин қайд гардидааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Дар радифи ин андеша, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешавад. Ин меъёр барои ҷавонон аҳамияти махсус дорад, Насли ҷавон бояд донад, ки ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, озодии сухан дар доираи қонун, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар низоми ҳуқуқии давлат ҷойгоҳи махсус дорад.

Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои соҳибистиқлолии кишвар сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардид. Барномаву стратегия, қонуну қарор, консепсияҳо ва дар маҷмуъ, қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон қабулу амалӣ гардиданнд. Ҳадафи ин тадбирҳо ба таълими ҳаматарафа фаро гирифтани ҷавонон, шароити мусоид ба фаъолияти самарабахши мутахассисони ҷавон, таъмини шароити арзандаи зисту истироҳат ва таҳсил барои насли ҷавон ва дигар ҷанбаҳои ҳифзи ҳаёти ҷавонони замони истиқлол мебошанд.

Айни ҳол дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии тарбия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

Инкишофу пешравии ҳар як давлат дар ҷаҳони муосир вобаста ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии қишри ҷавони кишвар вобастагии амик дорад. Имрӯзҳо саҳм ва нақши ҷавонон дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишвар аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегардад. Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд».

Дар шароити имрӯза пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои илмию техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Бо дарназар дошти ҳамин мақсадҳо ҳукумати мамлакат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардондани онҳо имконият фароҳам меорад.

Аз ин хотир, насли ҷавонро мебояд, ки ҷавобан бо ин ҳама ғамхориҳо тамоми саъю талоши худро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои рақобат пазири бозори меҳнат дар ҷаҳони имрӯз, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорию созандагӣ равона созанд.

Ҷалби ҷавонон ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳёву шинохти арзишҳо ва манфиатҳои миллию давлатӣ аз таваҷҷӯҳи махсуси Пешвои миллат сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар дар санаи 23.05.2013 қайд намуда буданд: «Мо иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагиву таҳсил касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаем».

Дар маҷмуъ, Конститутсия барои ҷавонон на танҳо кафили ҳуқуқу озодиҳо, балки роҳнамои зиндагии шоиста ва фаълоияти созанда мебошад. Эҳтиром ба Конститутсия, риояи қонун ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ҷавононро ба шахсони масъулиятшинос, ватандӯст ва барои ҷомеа муфид табдил медиҳад.

Аз ин рӯ, шинохт ва эҳтироми Конститутсия бояд қисми муҳими тарбияи ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ бошад. Ҷавонон бояд меъёрҳои Конститутсияро омӯзанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донанд ва ба арзишҳои миллӣ, қонун ва ҷомеаи демократӣ эҳтиром гузоранд. Риояи Конститутсия барои тарбия намудани насли ҷавони соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва ватандӯст заминаи устувор мегузорад.

Дар асноди ин ҳама ғамхорию дастгириҳо ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доранд, ба қадраш расанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ҷавонон муҳофизи Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва такягоҳи асосию боэътимоди давлату миллат мебошанд.

Зайниддини Абдулҳамид, н.и.ф., муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва рӯзноманигорӣ.