Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди аввал ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян ва ҳимоя менамояд, сохтори давлат, тартиби фаъолияти мақомоти давлатиро ба низом медарорад, дар устувории як кишвари озоду дунявӣ асосҳои мустаҳками қонунӣ пешниҳод мекунад. Конститутсия шаҳсутуни бинои давлату давлатдорист.
6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
“Арзиши ҳуқуқии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки он сарчашмаи асосии ҳуқуқу уҳдадориҳо буда, барои таҳия ва қабули тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ замина фароҳам меорад”.
Мувофиқи моддаи 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад;
- Меъёрҳои он амали мустақим доранд;
- Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба Конститутсия мухолифанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд;
- Ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳоро риоя ва иҷро намоянд.
Ин муқаррароти қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгу менамояд, ки ҳамаи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асоси принсипҳо ва талаботи Конститутсия қабул ва татбиқ карда шаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ бевосита амалӣ мешаванд ва дар ҷорӣ кардани онҳо дар ҳар ҳолат ба қабули қонуни алоҳидае ҳоҷат нест. Конститутсия барои ташаккул ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи гражданӣ, ҷиноятӣ, меҳнатӣ, маъмурӣ, оилавӣ ва ғ. заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Мисоли равшан дар ин хусус эътирофи ҳимояи ҳуқуқу озодҳои шаҳрвандон мебошад, ки мувофиқи моддаи 5-уми Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд:
- Ҳуқуқ ба ҳаёт ва озодӣ;
- Ҳуқуқ ба таҳсил;
- Ҳуқуқ ба меҳнат.
- Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ;
- Озодии сухан ва андеша.
- Баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд;
- Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ.
Аз ин номгӯ озодии сухан ва андеша барои рӯзноманигорон ҷолиб буда метавонад, ки он яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбад, дар ҷомеаи демократӣ мавқеи муҳим дорад. Яъне, ин ҳуқуқ барои рушди ҷомеа, густариши маърифат, мубодилаи афкор ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ нигаронида шудааст.
Мавқеи ҳуқуқии озодии сухан дар моддаи 30-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад:
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ мебошанд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ карда аст. Ин муқаррароти қонун пуштибонии бевоситаи давлати демократиро дар маҷмуъ инъикос мекунад, ки ба шаҳрвандон иҷозат медиҳад, фикру андешаҳои худро озодона баён намоянд, аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ пуштибонӣ кунанд.
Аз ҷониби дигар, қонуни асосӣ таъкид менамояд, ки озодии сухан маънои паҳн кардани ҳар гуна маълумот ё сухани беасосро надорад. Аз ҷумла:
- Барангехтани хусумати миллӣ ва нажодӣ;
- Ташвиқи бадбинӣ ва хусумати динӣ;
- Барангехтани хусумати иҷтимоӣ ва забонӣ;
- Паҳн намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ бо вайрон кардани талаботи қонун манъ аст.
Ҳамчунин ҳангоми баёни андеша шаъну шараф, обрӯ ва ҳуқуқҳои дигаронро бояд эҳтиром кард.
Ҳамин тариқ, ҳар шаҳрванд месазад, аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ огоҳ бошад ва онҳоро бо эҳтироми қонун ва ҳуқуқи дигарон истифода барад. Арзиши ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақоми олии он дар низоми ҳуқуқии давлат, амали мустақими меъёрҳои он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, озодии баён, муайян намудани сохтори ҳокимияти давлатӣ ва таъмини волоияти қонун ифода меёбад. Он ҳам ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ ва ҳам асоси устувории давлатдорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Донистан ва риоя намудани меъёрҳои он масъулият, вазифаи ҳар шаҳрванд аст.
Муслима МАННОН, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ.