Терроризму экстремизм падидаҳои номатлуб буда, мутассифона, солҳои охир омили асосии нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва даҳшату ваҳшат мегарданд. Мо ҳама хуб медонем ва борҳо дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки террорист дин мазҳаб, миллат ва ватан надорад.
Ин ашхоси фирефта ва гумроҳгашта даст ба аъмоле мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти олам – инсон мегардад, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳли ҷомеа ба вуҷуд оварда, ба ин васила мехоҳанд, ҳадафҳои хешро пиёда созанд. Пас саволе ба миён меояд, ки оё метавон ба ин роҳи пурдаҳшат ба ҳадаф расид? Албатта, не! Мутассифона, дар расонаҳои хабарӣ дар бораи ҳодисаҳои террористӣ ва қатлу куштор бештар матолиб ба нашр мерасад. Расонаҳо бештар дар бораи он хабар медиҳанд, ки ба ин аъмоли ношоиста ҷавонон даст мезананд ва оҳиста- оҳиста андешаеро дар мағзи сари мардум ҷойгир мекунанд, ки оқибати хуб надорад.
Аммо, ҳақиқат ҷойи дигар аст ва бояд таъкид намуд, ки маҳз аз бедонишию ҷаҳолат ва ноогоҳию камсаводии ҷавонон истифода бурда, кишварҳои мусалмониро ба вартаи пуртаҳлака равона сохтанд, ки аз он ҷо раҳо ёфтан кори саҳлу осон нест. Манзур, воқеаҳое, ки дар Миср, Сурия, Ироқ, Афғонистону Фаластин рух доданд, мебошад. Худ қазоват кунед, ки дар як лаҳза кишварҳои ором, пешрафта ва рӯ ба инкишоф ба дасти худи ҷавонони ноогоҳ ба кадом ҳолати ваҳшатангез расонида шуданд.
Имрӯз, дар Фаластин ҳар рӯз садҳо нафар қурбон мешаванд, дар Ироқ таркишҳо ҷони кӯдакону модаронро мерабояд. Ҳамаи ин ҳодисаҳои ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои абарқудратҳо, ки мехоҳанд мавқеи худро дар минтақа мустаҳкам намоянд, моро водор менамояд, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем, нагузорем, ки ҳадафҳои ғаразнокашонро дар кишвари мо пиёда созанд.
Терроризм, ки он ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ ёд мешавад, ба ҳар гуна амалкард ё таҳдид барои тарсонидан ба шаҳрвандон, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ гуфта мешавад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад. Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти коршиноси муътамад дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Ҳамасола дар паҳншавии терроризм дар маҷмуъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқуъ пайвастаанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор ҳушдор медиҳад. Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ идома дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.
Имрӯзҳо оламиён аз воқеъаҳои фоҷиабор дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, пайваста талош доранд, ки инсониятро аз ҳар гуна муноқишаҳо раҳо намоянд. Дар ин замина бояд гуфт, ки аз солҳои гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм, яъне ифротгароӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи калон дорад.
Худи мафҳуми “экстремизм” аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи якчанд ҳизбу созмонҳо, гурӯҳҳоии сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи баъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ мегардад ва инчунин экстремизм ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқи ва воқеъӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунсозии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он миллат аст. Барои бадбинии иҷтимоӣ ва ба ин монанд амалҳои номатлубро, ки зидди ҷамъият хафнок аст, дар бар мегирад. Аз таърифи овардашуда маълум мегардад, ки ифрот, ифрот кардан, ифротгарон, ифроткорона аз калимаҳои манфур ба шумор рафта, рӯҳияш ҳамаро хусусан ҷавононро тамоман бадӣ мебахшад.
Аз ин рӯ, Сарвари давлатамон ба мавзӯҳои нашъамандӣ, моил нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои беруна ҳамарӯзаву ҳамасола таваҷҷӯҳ менамоянд. Мақсади асосии Пешвои миллат пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ҷавонону наврасони мо на ба корҳои беҳуда машғул шаванд, балки ба хондану омӯхтани илм ва омӯзиши касбу ҳунар шуғл варзанд.
Яке аз сабаби асосии ба ифротгароӣ рӯй овардани ҷавонону ҳамватанамон ин пеш аз ҳама надонистани қонунҳои дар кишварамон амалкунанда мебошад. Дар ин маврид гуфтаниям, ки ҳар касе қонунро эҳтиром мекунад, зиндагиро ба сарбаландӣ ва накӯномӣ паси сар мекунад.
Ҳар ҷомеа, ки ба миллати худ содиқ аст, меҳани худро дӯст медорад, арзишҳои миллиамонро арҷ мегузорад, ниёгони худро эҳтиром менамоянд, бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин ҷомеа, ин миллат, ин шахс, ба ҳеҷ гуна корҳои ношоиста, ба ҳеҷ гуна ифротгаронию терроризму экстремизму даст нахоҳад зад.
Ҳамин тавр, мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш кунем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва ба амалҳои ношоиста даст назанем ва барои саодати зиндагии худ ҳиссагузор бошем, дар шукуфоии диёри худ, ки номаш Тоҷикистон аст, саҳми арзанда гузорем.
Аз ин рӯ, бояд ҳар як ҷавон ва донишмандони кишвар ба ин масъала, ки доғи рӯз аст, бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд ва пеши роҳи ин гуна амалҳои ношоистаро гиранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ тамоми ҷидду ҷаҳдро ба дастгирии ҷавонон равона карда, ба онҳо ҳамчун нерӯи ояндаи давлат эътимод дорад ва ба хотири аз байн бурдани мушкилоташон чораҳои мушаххас меандешад. Ҳар тадбире, ки амалӣ карда мешавад пеш аз ҳама барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст. Мақсади ҳамаи некназаронаи мо дар он аст, ки ягон шахс ё нафар ба гурӯҳҳои ғайри инсонӣ шомил набошанд ва тавонанд аз ифротгароӣ дурӣ ҷӯянд. Ифротгароӣ сарчашмаи торики торикиҳо буда, ба мардум танҳо бадбахтӣ меорад. Ифротгароӣ вожаеба шумор меравад, ки табъи хушро нохуш, шодиро ба ғам табдил медиҳад.
Аз воқеаҳое, ки дар хоки давлатҳои Арабу Африко рух дода истодаанд, маълум мегардад, ки барои ифротгаро ягон муқаддасот: Ватан, миллат, дин, мазҳаб қиммате надоранд.
Ин гуна гурӯҳҳои ифротгароён зери таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавононро ба гурӯҳҳои экстремистӣ шомил месозанд.
Боиси нигаронист, ки имрӯзҳо баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ақидаҳои ботил бовар намуда, ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мешаванд. Сабаби шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ин паст будани сатҳи дониши динниву дунявӣ, надонистани қонунҳои дар ҷумҳури амалкунанда ва бепарвоии падару модар нисбати тақдири фарзандон ва аз тарбияи волидон дур мондани онҳо мебошад.
Масъалаи андешидани тадбирҳо бобати таъмини амният, пешгирии фаъолияти унсурҳои терроризму ифродгароӣ, роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз мавзӯи муҳими рӯз мебошад.Аз ин рӯ, имрӯзҳо оиди шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро семинарҳои зиёде гузаронида шуда истодааст. Ба ин васила, метавон баробари боло бурдани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамсолон, ҳамзамон пеши роҳи шомилшавии ҷавонону наврасонро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб гирифт.
Диловар Нурматов, муаллими калони кафедраи психология.