Дар қисми дуюми рӯзи 2 октябри соли 2026 маросими ҷоизасупории Озмуни байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, таҳти унвони “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” дар соли 2026 бо ширкати мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Ҳикматулло, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Давлатшоева ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар озмуни мазкур аз 29 муассисаи таълимии олии кишвар аз он 4 муассисаи таълимии олии хориҷӣ дар маҷмуъ 139 нафар донишҷӯ ширкат карда, аз рӯйи 12 забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва ӯзбекӣ маҳорату дониши забондонии худро санҷиданд.
Тибқи натиҷаҳои муайянгардида ва хулосаи ҳакамони соҳибтаҷриба ва соҳибзабонон, аз рӯйи 10 равия ғолибон муайян шуда, дар натиҷа 9 нафар ҷойҳои якум, 8 нафар ҷойҳои дуюм, 10 нафар ҷойҳои сеюм ва 21 нафар донишҷӯ бо ҷойҳои ифтихорӣ қадршиносӣ шуданд.
Ҳамзамон ба намояндагони муассисаҳои олии касбӣ бо сипосномаи Донишгоҳ ва ба ғолибон ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.


