“Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавии ӯ ба шумор меравад.” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Омӯзгор шахсияти донишманд, тарбиятгар, ғамхору дилсӯз мебошад. Маҳз, омӯзгор метавонад, дар қалби шогирдон тухми илму дониш, одобу ахлоқ ва одаму одамгариро бикорад. Омӯзгор чароғест, ки тарбияи маърифатӣ ва ахлоқии инсонро равшан менамояд. Ӯ меъмор ва муҳандисӣ руҳи маънавии инсон, тарбиятгари насли башар мебошад. Ҳар чӣ бештар ҷомеа ба илму дониш ва маърифатнокӣ такя намояд, ҳамон қадар нақши омӯзгор устувору мондагор мешавад.
Нақши омӯзгор дар ҳаёти инсон ҷойгоҳи беназир дорад. Ҳар як инсон барои расидан ба сарчашмаи роҳи дониш, маърифат ва худшиносии миллиро аз остонаи муассисаи таълимӣ оғоз намояд, бо навозишҳои гарм ва меҳру муҳаббати омӯзгор ба ҷаҳони илму маърифат ворид мегардад. Агар падару модар инсонро ба дунё оранд ва ғизои модӣ диҳанд, омӯзгор ӯро ғизои маънавӣ дода, ба ҷаҳони илму дониш, хиради азалӣ, маърифати баланди инсонӣ ва барои бунёди ҷомеаи ояндасозу соҳибистиқлол роҳнамоӣ мекунад. Аз ин хотир, эҳтироми омӯзгор, эҳтироми илму дониш барои ҳар як шахси соҳибақл шарт ва зарур аст.
Набояд фаромӯш кард, ки омӯзгор танҳо як шахсияте нест, ки ба шогирдон дониш медиҳад, балки тарбиятгар, роҳнамо, маслиҳатгарӣ кулли инсонияти башар буд, ҳаст ва мемонад. Омӯзгор дар бисёр мавридҳо идеали ростӣ ва намунаи ибрати инсондӯстӣ дар қалби шогирдон мегардад. Як сухани неки омӯзгор метавонад, ки дар замири хонанда шӯълаи умед, меҳри ватан ва масъулиятшиносии бепоёнро бедор созад. Як нигоҳу муносибати меҳрубонона, як маслиҳати дуруст, як ҷумлаи самимӣ аз тарафи омӯзгор метавонад ба сарнавишти як инсон таъсири мусбӣ расонад. Хусусан, дар ҳаёту мамоти шогирдон ин раванд хеле таъсиргузор мебошад.
Заҳмати омӯзгор солҳо мегузарад, баъд аёну ошкор мегардад. Вақте ки шогирд олим, табиб, ҳуқуқшинос, омӯзгор, муҳандис, рӯзноманигор умумун, як шахсияти баргузидаи давру замон мегардад, дар ин омилҳои фоидовар заҳмату меҳнати омӯзгор низ ҷойгоҳи махсус дорад. Аз ин ҷост, ки номи омӯзгор дар қалби инсонҳо то рӯзе, ки ҳаёту зиндагӣ ҳаст, боқӣ хоҳад монд.
Пешвои муаззами миллат дар бораи қадру манзалати омӯзгор чунин менигорад: «Эҳтиром ба омӯзгор-эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонанд. Омӯзгор рисолати муққадаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро бар дӯш дорад. Яъне, ояндаи давлат, миллат ва Ватанро маҳз шумо месозед».
Омӯзгор шахсест, ки бо қалам не, балки қалби инсон кор мекунад. Танҳо омӯзгор метавонад насли худогоҳу худшиносро дар ҷомеаи имрӯза тарбия намуда ба камол расонад. Бояд, шогирдонаш шахсони ояндасозу меҳанпараст бошанд. Ҷомеаи донишманду фарҳангӣ, созандаву масъулиятшинос мехоҳем, бояд ба мактаб, омӯзгор ва фаъолияти омӯзгорӣ таваҷҷуҳ ва эҳтироми шоиста дошта бошем.
Эҳтироми омӯзгор танҳо дар сухан нест, балки бо фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти касбӣ, қадршиносии меҳнати омӯзгор, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва илму маориф дар ҷомеа ифода меёбад. Омӯзгор поягузори маърифат, тарбиятгари инсон ва созандаи фардои ҷомеа аст. Тамоми паҳлуҳои равшангароӣ зиндагии насли башар аз заҳмати софдилона ва пуразоби омӯзгор оғоз меёбад.
Зайниддини Абдулҳамид, н.и.ф., муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва рӯзноманигорӣ.