БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ОЛИМОНИ ОЯНДА”

Имрӯз, 25 сентябри соли 2026 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ташаббус ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Россия, бо кумаки Вазорати корҳои хориҷии Русия, Россотрудничество ва портали Nauka.rf, семинари омӯзишӣ оид ба мавсими нави лоиҳаи “Олимони оянда” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорну донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат намуданд.

Дар баргузори семинари лоиҳаи мазкур муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ Абдурауф Наврасов, декани факултети забон ва адабиёти рус Шаҳло Ҳасанзода ва омӯзгорони Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.С.Пушкин номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Татяна Кудоярова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Елена Петривна, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Анастасия Тананина, ва Алексей Паевский, коршинос, муошираткунандаи илмии Академияи илмҳои Русия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар соли 2026 лоиҳаи бузурги илмӣ ва таълимии “Олимони оянда” ҳафт кишварро фаро мегирад. Зиёда аз 60 коршинос аз Донишгоҳҳо ва ташкилотҳои пешбари Русия барои ҷавонон дар Арманистон, Ҳиндустон, Чин, Муғулистон, Сербия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон лексияҳо ва дарсҳои “мастер-класс” мегузаронанд.

Лоиҳаи “Олимони оянда” барои донишҷӯёни мактабҳои миёна, донишҷӯён, магистрантҳо ва мутахассисони ҷавоне пешбинӣ шудааст, ки илмро ҳамчун ояндаи дурахшон меҳисобанд, мехоҳанд аз таҳқиқоти ҷорӣ огоҳ бошанд ва роҳҳои ояндаи таълимиро баррасӣ намоянд.