НИГОҲЕ БА ШИНОХТИ РӮДАКӢ ДАР ФАЗОИ ИЛМИЮ АДАБИИ ФАРОНСА

Таҳқиқи рӯзгор ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар фазои илмию адабии Фаронса садсолаҳо таърих дошта, яке аз саҳифаҳои дурахшони шарқшиносии аврупоӣ ба шумор меравад.

Олимон ва тарҷумонҳои фаронсавӣ, аз ҷумла Жилбер Лазар (Gilbert Lazard) , Анр Массе (Henri Massé), Шарл-Анри де Фушекур ва дигарон дар шинохти Рӯдакӣ ба аҳли илму адаби Аврупо саҳми бузург гузоштаанд. Алсан, бори нахуст номи Рӯдакӣ ҳанӯз дар қарни XVII аз ҷониби шарқшиноси фаронсавӣ Бартелеми д’Эрбло (Barthélemy d’Herbelot) вориди илми аврупоӣ шуд. Ба ин далел, ӯ дар китоби машҳури худ «Bibliothèque orientale» («Китобхонаи Шарқӣ»), ки соли 1697 ба табъ расид, мақолаи вижаеро ба устод Рӯдакӣ бахшидааст.

Д’Эрбло дар ин асар Рӯдакиро ҳамчун устоди барҷаста муаррифӣ карда, роҷеъ ба пайдоиши тахаллуси ӯ ва равобиташ бо амирони Сомонӣ (аз ҷумла амир Наср) маълумот додааст. Соли 1814 шарқшиноси дигари фаронсавӣ Амбеле Журден (Amable Jourdain) дар китоби худ «La Perse» («Форс») ба омӯзиши муфассалтари шеъри Рӯдакӣ пардохт.

Китоби ӯ диққати доираҳои илмии Аврупоро ба сохтор ва обуранги шеъри аҳди Сомониён ҷалб намуд ва заминаеро барои тарҷумаи порчаҳои алоҳидаи осори шоир фароҳам овард. Дар қарни XX ва XXI бошад, таҳқиқи осори Рӯдакӣ дар Фаронса хусусияти амиқи академӣ касб намуд.

Марказҳои бузурги илмии ин кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи Сорбонн ва Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои Шарқ (ИНАЛКО) ба омили асосии ин пажӯҳишҳо табдил ёфтанд.

Ҷойи дигар, агар ба тарҷума ва нашри осори устод Рӯдакӣ дар фазои илмии муосири Фаронса назар андозем, намунаҳои ғазалҳо, рубоиҳо ва қасидаҳои Рӯдакӣ (махсусан «Модари май» ва «Шикоят аз пирӣ») аз ҷониби тарҷумонҳо ва шарқшиносони фаронсавӣ ба ин забон баргардон шуданд.

Боиси таъкид аст, ки барои шиносоии осори фарзандони баруманди адабиёти тоҷику форс, аз ҷумла Рӯдакӣ саҳми адабиётшиноси барҷастаи тоҷик Шокир Мухтор ниҳоят назаррас аст.

Шокир Мухтор дар мақолаҳои сершумори худ (ки баъдан дар маҷмӯаи «Мақолот» низ чоп шудаанд) ба баррасии тарҷума ва шинохти Рӯдакӣ дар Ғарб таваҷҷуҳ кардааст. Хусусан дар асарҳои «Адабиёти замони Сомониён дар Фаронса» (Душанбе, 1999) ва «Ситораҳои бурҷи Эйфел» (1982) муаллиф мавқеъ ва таъсири адабиёти давраи Сомониён, аз ҷумла осор ва ҷойгоҳи устод Рӯдакиро дар илму адаби Фаронса мавриди таҳлили амиқ қарор додааст.

Имрӯзҳо низ дар доираи муносибатҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон ва Фаронса, мероси Рӯдакӣ ҳамчун рамзи фарҳанги башарӣ ва гуманизм мавриди таваҷҷуҳ аст. Дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалие, ки бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва муассисаҳои илмии ҳарду кишвар баргузор мешаванд, мақоми Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти ҷаҳон ва равобити фарҳангии Шарқу Ғарб мунтазам баррасӣ мегардад.

Ба таври хулоса метавон зикр намуд, ки фазои илмии Фаронса на танҳо Рӯдакиро ба унвони «Падари шеъри форсӣ – тоҷикӣ» эътироф кардааст, балки тавассути тарҷумаҳои арзишманд паёми инсонмеҳварона ва ахлоқии ин мутафаккир ва шоири бузургро ба хонандаи аврупоӣ расонидааст.

Аз ин рӯ, омӯзиш ва тарҷумаи ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Фаронса ҳанӯз ҳам дар марҳилаи ташаккул ва амиқтаршавӣ қарор дошта, рушди минбаъдаи ин тамоёл таҳияи тарҷумаҳои мукаммали илмию адабии ашъори боқимондаи шоирроо бо шарҳи муфассал ба забони фаронсавӣ тақозо дорад.

Ардамеҳр Ашуров, н.и.т., дотсенти кафедраи забонҳои романӣ – германии факултети забонҳои Аврупо.