(бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ)
“Рӯдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ — ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накукориву хайрандешӣ буд. Хизмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид. Ва имрӯз ин забон на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар форсигӯён хизмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги аҳли Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Осиёи Хурд, Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири калон гузоштааст.
Мукофоти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъат низ номи Рӯдакиро дорад. Бо қарори Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳама таҷассуми эҳтироми бузург ва муҳаббати бепоёни халқи мо ба соҳибқирони шоирон, устод Рӯдакист.”
“Чеҳраҳои мондагор” – и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Лексикаи касбу ҳунар дар ашъори устод Рӯдакӣ мақоми хосса дорад. Шоир бо истифода аз вожаҳои марбут ба касбу ҳунар на танҳо тасвирҳои шоирона офаридааст, балки ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии давраи худро низ инъикос намудааст.
Касбу ҳунарҳои марбут ба бофандагӣ ва нассоҷӣ
Гузашта аз ин дар таркиби иҷтимоии ҷомеа дигаргуниҳои калон ба вуҷуд омад, ихтисосҳо ва касбу пешаҳои нав пайдо шуд. Устод Рӯдакӣ аз истилоҳоти соҳаи бофандагӣ, кандакорӣ ва дӯзандагӣ барои эҷоди ташбеҳу истиораҳои зебо истифода бурдааст.
Парпанд (парпанд кардан\ бофтан) ин вожа дар назми шоир истифода шудааст ва маънои калоба ё тори абрешимро ба ҳам печонда, барои бофтан тайёр карданро дорост:
Абр омад андар баҳор, борид бар кӯҳу диёр,
Дебои хусравониро бишнохт, кард андар парпанд.
Шоир бориши борон ва сабз шудани сабзаву гулҳоро дар кӯҳу диёр ба раванди бофтани дебои шоҳона монанд кардааст.
Калимаи дигар ҳаллоҷ мебошад, ки он дар назми шоир бо пасванд -вор омадааст. Ҳаллоҷ касбест, ки пахта ё суфро тит мекунад. Шоир абри сафеди баҳориро ба ҳаллоҷе монанд мекунад, ки гӯё бар сари боғ пахта ва ё барф тит карда истодааст.
Абр омад боз андар боғу борид,
Нисор андар нисор афканд, бибрид.
Яке дебои сабз андар барф афканд,
Яке ҳаллоҷвор андар сар афканд.
Вожа ва ё истилоҳоти соҳаи бофандагӣ дар ашъори сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаровон истифода карда шудааст ва мо намунае чанд аз онро мавриди таҳлил қарор додем.
Вожаҳои марбут ба соҳаи заргарӣ
Омӯзиши лексикаи заргарӣ дар дониш ва фаҳмиши забоншиносӣ, инчунин дар рушди касбҳои марбут ба санъат ва ҳунарҳои дастӣ аҳаммияти зиёд дорад.
Дар шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вожаҳои марбут ба коркарди филиз – махсусан тилло, нуқра ва сангҳои дигари қиматбаҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Вожаи бӯта дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” зарфи аз гилбӯта сохташуда, ки дар он нуқра, тилло ва ғайра об мекунанд, шаоҳ дода шудааст. Дар ашъори Рӯдакӣ ин вожа мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дил зи ҳам бишкофт, ки андар ӯст дил,
Зарр андар бӯта чанд истода буд?
Шоир дар ин байт дили худ ва сӯзишҳои онро ба тиллои гудохташуда дар бӯтаи заргарӣ шабоҳат медиҳад.
Кори ӯ ҳама нақд асту нақд бишносад,
Бишнавад нақду худ бувад ноқид.
Ноқид шахсест, ки аслият ва соф будани пули тиллову нуқраро месанҷад, мебошад. Шоир дар байти боло барои нишон додани санҷиши аслият ва сифати калом ё рафтор ин вожаро истифода кардааст.
Деҳқонӣ ва заминдорӣ
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои пешрафта дар даврони истиқлолияти кишвари маҳбубамон маҳсуб меёбад. Деҳқонон баҳри бардоштани ҳосил аз заминҳои корам фаровон истифода мекунанд. Деҳқонӣ яке аз осмонитарин ва муҳимтарин касбҳои он давра буд ва Рӯдакӣ онро фаровон ба кор бурдааст. Касбҳои заминдорӣ ё худ деҳқонӣ бисёранд ва шоир дар эҷодиёти хеш вожаи киштро истифода кардааст, ки ин калима дар замони Рӯдакӣ бо номҳои кеш- деҳқон, дис- полез, боғ ба кор бурда мешуд.
Бидравад он кас, ки бех афканда буд,
Бидравад он кас, ки киште карда буд.
Рӯдакӣ фикри пандомези худро дар бораи оқибати аъмоли инсон тавассути касби деҳқонӣ баён шудааст.
Мусиқидонӣ ва навозандагӣ
Мусиқӣ як навъ санъат инъикоси воқеият бо тасвири бадеии садоҳо; яке аз шаклҳои ғояҳои ҷамъиятӣ мебошад. Мусиқӣ дорои қувваи бевоситаи тавонои таъсирбахши маънавӣ мебошад.
Рӯдакӣ худ навозанда ва овозхони машҳур буд, аз ин рӯ истилоҳоти мусиқӣ ва касби мутрибӣ дар ашъори ӯ чойгоҳи махсус дорад. Дарэҷодиёти шоир вожаҳои марбути ин соҳа мутриб, чанг, рӯд, Борбад, абешон (торҳои соз) ва ғайраҳо истифода шудаанд.
Рӯдакӣ чанг бигруфти навохт,
Бода ҷӯй омад, андар соз хост.
Истифодаи вожаҳои касби навозандагӣ (чанг ва навохт, соз) маҳорати баланд ва фаъолияти амалии худи шоирро ҳамчун мутриби балоғатманд аён месозад.
Савдогарӣ ва тиҷорат
Истилоҳоти тиҷорат ва бозаргонӣ низ дар осори Рӯдакӣ барои баёни мафҳумҳои ахлоқӣ истифода шудаанд. Вожаҳои марбут ба ин соҳа харидор, сӯд, зиён, касод дар ашъори шоир фаровон истифода карда шудааст.
Бозори ҷаҳон пур аз касод аст,
Бар хештан ин касод мапсанд.
Касод истилоҳи тиҷоратӣ буда, бехаридор мондани молро мефаҳмонад. Шоир онро ба беқадр шудани камолу фазилати инсонӣ нисбат додааст.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвони оғозгари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, дар ашъори худ инъикоскунандаи воқеиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии замони худ мебошад. Инъикоси васеи вожаҳо ва ибораҳои марбут ба касбу ҳунар дар эҷодиёти ӯ гувоҳи робитаи наздики шоир бо ҳаёти мардум ва сатҳи рушди ҳунармандӣ дар давраи Сомониён аст.
Омӯзиш ва таҳлили лексикаи касбу ҳунар дар осори Рӯдакӣ ба натиҷаҳои зерин оварда мерасонад:
- Дар шеъри Рӯдакӣ номи касбу ҳунарҳои гуногун, аз қабили кишоварзӣ, заргарӣ, бофандагӣ, меъмориву бинокорӣ ва тиҷорат дучор меоянд. Аз ҷумла, истилоҳоти марбут ба деҳқонӣ ва зироаткорӣ нишон медиҳанд, ки кишоварзӣ яке аз асосҳои ҳаёти он давра буд.
- Шоир калимаҳои марбут ба ҳунармандиро танҳо барои баёни худи касб истифода набурда, балки онҳоро ба воситаҳои тасвири бадеӣ – ташбеҳ, истиора ва киноя табдил додааст. Масалан, ташбеҳ кардани раванди шеърнависӣ ё зуҳуроти табиат ба коргоҳи заргарӣ ё наққошӣ аз маҳорати баланди суханварии ӯ шаҳодат медиҳад.
- Вожаҳои касбу ҳунар дар ашъори шоир барои шарҳу омӯзиши таърихи забони тофикӣ ва муайян кардани вожагони аслии форсӣ-тоҷикӣ арзиши бузурги илмӣ доранд. Бисёре аз ин калимаҳо то имрӯз бе тағйири маъно дар забони мо боқӣ мондааст.
- Мавҷудияти ин гурӯҳи лексикӣ дар шеъри Рӯдакӣ собит мекунад, ки адабиёти классикии мо аз ҳаёти воқеии ҷомеа ҷудо набуда, меҳнат, санъат ва ҳунари дастии инсонро қадр мекард.
- Лексикаи касбу ҳунар дар ашъори Рӯдакӣ яке аз манбаъҳои муҳимми омӯзиши забон, фарҳанг ва тарзи зиндагии давраи Сомониён мебошад. Истифодаи устодонаи ин калимаҳо ба шеъри Рӯдакӣ ҳаётдорӣ, самимият ва бори маънавиву эстетикии амиқ бахшидааст.
Кенҷазода Фарҳод, муаллими калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филология ва рӯзноманигорӣ.