Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода имрӯз, 2 сентябри соли 2026 роҳбарият, омӯзгорон ва як гурӯҳ донишҷӯёни курси аввали факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ ба зиёрати оромгоҳи Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода ба мавзеи Лучоб роҳсипор гардиданд.
Баъд аз зиёрат профессорони кафедраи назария ва таърихи адабиёт Салими Хатлонӣ, Олимӣ Хосият ва Исрофилниё Шарифмурод дар бораи рӯзгори ибратбахш ва фаъолияти гуногунпаҳлуи фарзанди фарзонаи миллат- Сотим Улуғзода суҳбат намуданд.
Маҳз ба хотири хизматҳои шоистаи нависанда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон) ба номи Сотим Улуғзода гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки соли равон дар саросари кишвар 115- солагии нависанда таҷлил мегардад.
Мақсад аз зиёрати оромгоҳи бузургон дар ниҳоди ҷавонон тарбия намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мебошад.


