Қабули шунавандагонро ба курси тайёрӣ

Шуъбаи курсҳои тайёрии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар асоси шартнома қабули шунавандагонро ба курси тайёрӣ аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат (кластери 3) эълон менамояд:

Ба шуъбаи тайёрӣ шахсони дорои маълумоти таҳсилоти умумӣ, инчунин, хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъд аз дарс) қабул карда мешаванд.

Шахсони ба шуъбаи тайёрӣ қабулшаванда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  • ариза ба номи ректори Донишгоҳ;
  • аттестат ва ё диплом дар бораи таҳсилоти умумӣ (нусхаи асл);
  • 6 нусха расми 3х4;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);
  • маълумотнома оид ба пардохти маблағи шартнома;
  • маълумотнома аз мактаб (барои хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ).

Суроға: ш.Душанбе, маҳаллаи 102, кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиев, 17/6

Телефон барои тамос: 92-834-36-92.