БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ДОИРАИ АВВАЛИН “МАКТАБИ ТОБИСТОНА” ДАР ДОНИШГОҲ

Дар доираи аввалин “Мактаби тобистона”-и Донишгоҳ санаи 16-уми июли соли 2026 бо ширкати ректори муассиса профессор Жило Гулназарзода, иштироккунандагони мактаби мазкур ва як гурӯҳ омӯзгорони Донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар барномаи фарҳангӣ дастаи ҳаваскорони Донишгоҳ намунаи беҳтарин суруду тарона, рақсҳои миллӣ ва аврупоиро ба намоиш гузоштанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки мактаби тобистона барои донишҷӯён, магистрантон ва муҳаққиқони ҷавони кишварҳои Осиё ва Аврупо бори аввал аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташкил ва баргузор мешавад.

Иштироккунандагони мактаби зикршуда имконият доранд, ки давоми ду ҳафта забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷикиро омӯзанд ва ҳамчунин, аз маконҳои таърихии ҳудуди кишвар дидан намоянд.

Ҳадафи асосии ин ташаббус таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши табодули илмӣ, фарҳангӣ, инчунин, муаррифии забон, таърих ва фарҳанги бою рангини тоҷик мебошад.

Ширкаткунандагони мактаби тобистона аз фазои дӯстӣ, меҳмоннавозии тоҷикона изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин иқдомҳоро воситаи муҳимми таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ карданд. Баргузории чунин баҳамоиҳо дар муаррифии имкониятҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ саҳми назаррас мегузорад.