Имрӯз, 7 июли соли 2026, бо иштироки сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Умарзода, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ва кормандону омӯзгорон фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар шашмоҳаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ карда шуд.
Ректор Жило Гулназарзода зимни ироаи ҳисобот аз сиёсати оқилона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамасола дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеа ва рушди тамоми соҳаҳои мамлакат дар заминаи таҳлилҳои амиқу фарогир, натиҷагириҳои бунёдӣ ва масъалагузориҳои дақиқу нишонрас барномарезиҳои мушаххас ва дурнамосозии манфиатбахш менамоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи ҳисоботӣ 595 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки нисбат ба аввали сол 27 нафар зиёд мебошад.
Зикр шуд, ки аз шумораи умумии кормандону омӯзгорони доимии Донишгоҳ 129 нафар дорои дараҷаи илмӣ мебошанд, аз ҷумла, 15 нафар доктори илм ва 114 нафар номзади илм, ки нисбат ба давраи ҳисоботи солона 6 нафар номзади илм ва 4 нафар дотсент зиёд мебошад. Дар натиҷа, иқтидори илмии Донишгоҳ 48%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, 116 нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ, ки 37 нафар тариқи квотаи Президентӣ ва 79 нафар тариқи ройгон ихтисосҳои рӯзонаи Донишгоҳро хатм намуданд, бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор сафарбар карда шуданд.
Яке аз масъалаҳои калидӣ дар Донишгоҳ таҳия ва нашри маводди таълимӣ ва илмӣ-методӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, Шурои илмӣ-методии Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ 29 дастури таълимию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 11 монографияро баррасӣ карда, барои чоп тавсия намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 2 китоби дарсӣ ва 2 монография зиёд мебошад.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳ Муассисаи давлатии “Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои хориҷӣ” таъсис дода шуд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм дар Донишгоҳ маркази фарҳанг ва маърифати миллӣ бо номи «Истиқбол аз Истиқлол: Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» бо иштироки мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Қувватзода Сайдулло Зувайд ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Донишгоҳ дар умум 14 конференсияи илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки аз ин теъдод 5 конференсия байналмилалӣ, 1 конференсия ҷумҳуриявӣ ва 8 конференсия донишгоҳӣ буд.
Ҳамчунин, дар давраи мавриди назар 10 нафар омӯзгори Донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дар шуроҳои диссертатсионии гуногун ҳимоя намуданд. Аз ин шумора 8 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя карданд.
Донишҷӯи курси сеюми факултети равияи омӯзгории забонҳои Шарқи Донишгоҳ Аминҷон Шаропов 14 майи соли 2026 дар 25-умин озмуни байналмилалии «Пули чинӣ» («Chinese Bridge»), ки дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҳамзамон, дар доираи озмуни “Олими сол”, 1 нафар омӯзгор – Турсунов Файёз Мелибоевич (филология) ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод шуда буда, ки сазовори дипломи “Олими сол” шуд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 14 нафар донишҷӯ аз рӯйи фанҳои болозикр ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Китобхонаи илмии Донишгоҳ дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ба 1495 муштарӣ, аз ҷумла, 433 омӯзгор ва 1062 донишҷӯ аз тамоми факултетҳо хизматрасонӣ намуда, бо мақсади тарғиби китобу китобхонӣ ва арҷгузорӣ ба санаҳои муҳимми миллӣ ва байналмилалӣ 28 намоиши китоб баргузор кардааст.
Дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои баргузории Конференсияи байналмилалии илмию назариявии «Робиаи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» бахшида ба 1050-солагии шоири маъруф Робиаи Балхӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, Донишгоҳ як қатор иқдомҳои илмӣ ва фарҳангиро амалӣ намуд. Аз ҷумла, тибқи банди 20-уми нақшаи мазкур, ки тарҷума ва нашри осори бозмондаи Робиаи Балхиро ба забонҳои хориҷӣ пешбинӣ менамояд, Донишгоҳ китоби «Каронанопадид. Мероси боқимондаи Робиаи Балхӣ бо тарҷума ба 10 забони хориҷӣ»-ро омода ва ба нашр расонид.
Ҳамзамон, бо ҷалби муҳаққиқон ва омӯзгорони Донишгоҳ маҷмуаи мақолаҳои илмӣ таҳти унвони «Жолаи сиришк дар лолаи ишқ», ки ба таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт, осор ва ҳунари шоирии Робиаи Балхӣ бахшида шудааст, таҳия ва интишор гардид..
Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби раёсати тарбия ва сохторҳои зертобеи он 3 маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва бахшида ба «Моҳвораи ҷавонон» ва истиқбол аз ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳ силсилаи чорабиниҳои сиёсӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин, омӯзгорону донишҷӯён амалӣ гардид. Дар ин замина 5 чорабинии фарҳангиву маърифатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла, Боғи Парчами миллӣ, Боғи ба номи Рӯдакӣ, «Ирам» ва «Ҷавонон» баргузор гардида, як чорабинии калони сатҳи факултетӣ роҳандозӣ шуд.
Волонтёрони Донишгоҳ дар давоми шаш моҳи охир дар як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок ва хизматрасонӣ намуданд. Аз ҷумла, онҳо дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ (140 нафар), барномаи “Сайри Сада” (10 нафар), олимпиадаи “Spelling Bee” (50 нафар), Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” ва “Наврӯз Душанбе 2026” (30 нафар), мусобиқаи байналмилалии гӯштини “гӯштингирӣ” (50 нафар), мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Dushanbe Grand Slam 2026” (30 нафар), Конференсияи чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” (40 нафар), инчунин, Чемпионати Осиё ва Конгресси байналмилалии кураш (20 нафар) сафарбар гардиданд.
Дар самти рушди фарҳанги ҷавонон ва дастгирии истеъдодҳои эҷодӣ дастаи «Забондон»-и Донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Маҳфили зарифон» ҳунару маҳорати баланд нишон дода, бар дастаҳои «Дизайн»-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва «Ҳомиёни ҳаёт»-и Донишкадаи тиббию иҷтимоии Тоҷикистон дастболо гардида, ба даври навбатии озмун роҳ ёфт.
Дар доираи татбиқи сиёсати густариши ҳамкориҳои минтақавӣ Донишгоҳ мизбони ҳайатҳои расмии як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид. Аз ҷумла, дар ҳошияи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 12-13 марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбекии Тошканд ба номи Алишери Навоӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав ба Донишгоҳ ташриф оварданд.
Намояндагони Донишгоҳи Вестминстер – профессор Эндрю Линн ва доктор Анастасия Безбородова барои омӯзгорон ва донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуданд, ки дар онҳо зиёда аз 150 нафар иштирок карданд. Дар семинарҳо усулҳои муосири таълими забони англисӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва равишҳои инноватсионии педагогӣ баррасӣ шуданд.
Дар доираи корҳои ободонӣ ва зебосозӣ, дар минтақаи замини ҷудошуда ба Донишгоҳ 700 ниҳоли сояафкан ва мевадиҳанда, дар саҳни ҳавлии Донишгоҳ 35 ниҳоли арча, 6500 гули мавсимӣ шинонида шудааст.
Ҳамин тариқ, дастовардҳои ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси забоншинос, омӯзгор ва тарҷумони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат саҳми назаррас гузошта, барои татбиқи рисолати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва баланд бардоштани нуфузу рейтинги он дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Дар баробари ин, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегӣ ва минбаъд баланд гардидани рейтинги Донишгоҳ аз ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён заҳмати пайваста, масъулияти баланди касбӣ ва талоши устуворро тақозо менамояд. Раёсати Донишгоҳ ва тамоми сохторҳои марбута минбаъд низ ҷиҳати такмили сифат ва мазмуни раванди таълим, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақоми Донишгоҳ дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ чораҳои заруриро пайваста амалӣ хоҳанд намуд.
Дар қисмати музокира декани факултети забонҳои Аврупо Маҳбуба Ҳалимова, мудири кафедраи назария ва тъарихи адабиёти рус Ҳомидова Тутинисо, мудири шуъбаи таҳлил ва иттилоот Шаҳло Раҷабализода, мушовири академии факултети муносибатҳои байналмилалӣ Фазлиддин Халифаев, омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Абдуллоев Кароматулло баромад карда, ҳисоботи шашмоҳаи фаъолияти Донишгоҳро қаноатбахш шумориданд.
Дар фарҷом сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Умарзода фаъолияти густурдаи Донишгоҳро қаноатбахш ҳисобида, барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати таҳсилот, робитаҳои байналмилалӣ ва фаъолияти назарраси муассиса пешниҳодҳои худро ироа намуд.


